Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эронро таҳримҳои нав интизор аст


Сафири Фаронса дар Созмони Милали Муттаҳид Жан Марк де ля Саблиер баъди анҷоми боз як даври музокироти пушти дарҳои баста дар Ню Йорк гуфт, ки баррасии ин тарҳ дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад. Айни ҳол ӯ аз ифшои ҷузъиёт дар мавриди таҳримҳои нав худдорӣ кард:

Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи вижагиҳо чизе нагӯем ва шумо бояд бифаҳмед, алҳол беҳтарин роҳи расидан ба созиш - ин махфӣ нигаҳ доштани музокирот аст. Ва аммо ман фикр мекунам, ки алҳол назарҳои мо хело наздиканд. Ман метавонам бигӯям, ки ин мулоқоти беҳтарин аз шурӯъи музокирот то ба ҳол буд. Ман итминон дорам, ки фардо мо метавонем ба дигар аъзои Шӯро хабар диҳем, ки оре, мавқеъҳои мо наздик шудааст ва мо дастоварди зиёд дорем.

Даҳ кишвари дигари узви Шӯрои Амният, ки барои чанд сол дар ин ниҳоди Созмони Милал пазируфта мешаванд, дар музокироти пушти дарҳои баста дар Ню Йорк ширкат надоштанд. Ва аммо қарор аст шурӯъ аз имрӯз ин кишварҳо низ вориди баҳсҳо дар мавриди тарҳи нави қатънома оид ба Эрон шаванд, ҳарчанд, гуфта мешавад, ки ин кишварҳо бештар нақши нозирро хоҳанд дошт.
Емир Ҷонс Перрӣ - сафири Бритониё дар Созмони Милал гуфт, ки аз натоиҷи музокирот онҳо мақомоти кишварҳояшон огаҳ мекунанд ва баъди он ҳайатҳо барои идомаи баррасӣ дубора ҷамъ меоянд. Ӯ изҳори умед кард, ки рӯзи сешанбе ҳайатҳо дар мавриди матни муштарак созиш ҳосил хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол Алехандро Волф - кафили сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал иброз дошт, ки ҳадаф аз қатъномаи нав на муҷозоти Эрон, балки сари мизи музокирот баргардонидани Теҳрон аст:

Дар ниҳояти кор маҳз ҳаминро мо мехоҳем. Ҳадаф муҷозот ва зиён ба Эрон нест, аммо барои баргардониданаш ба роҳи пешин ва пайдо кардани роҳи бурунравӣ аз бунбаст кумак хоҳад кард.

Дар ҷараёни музокироти рӯзҳои гузашта пешниҳодҳои зиёде дар робита ба қатъномаи нав мавриди баррасӣ қарор доштанд. Аз сӯи ҳайатҳои ақидаҳои мухталиф баён шуд ва аз ин рӯ коршиносон дар пешгӯии ҷузъиёти тарҳи қатънома ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Яке аз пешниҳодҳои баҳсбарангез - пешниҳоди Иёлоти Муттаҳида дар мавриди мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ширкатҳое буд, ки таҳти назорати Горди инқилобии Эрон қарор доранд. Ин ширкатҳо муассисаҳои нафту газ ва таҷҳизоти мушакии Эронро таҳти назорат доранд. Ва аммо сафири Русия дар Созмони Милал Виталий Чуркин ба ном бурдани Горди инқилобии Эрон дар матни қатъномаи нав мухолифат кард. Ҳамзамон сафири Чин дар Созмони милал Уонг Гуангуя гуфт, ки Пекин ҷонибдори таҳримҳо барои фурӯши силоҳ ба Эрон аст ва аммо ба он мухолифи он аст, ки Эрон аз харидории силоҳ аз кишварҳои тавлидкунандаи силоҳ, аз ҷумла, Чин, маҳрум шавад.
Бо ишора ба ин нуктаҳо дар мавриди он ки Эрон дар рӯ ба рӯи кадом таҳримҳои нав қарор хоҳад дошт, чизе гуфтан душвор аст. Дар қатъномаи пешини Шӯрои амнияти Созмони милал, ки рӯзи 23 декабри соли гузашта тасвиб шуд, содироти маводи ҳастаӣ ба Эрон манъ ва ҳисобҳои бонки бархе аз гурӯҳу ширкатҳои эронӣ мунҷамид эълон шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳо, раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мехоҳад ба хотири коҳиши шиддати вазъ дар атрофи барномаи ҳастаии кишвар дар Шӯрои амнияти Созмони милал суханронӣ кунад. Ба иттилоъи телевизионии давлатии Эрон, Аҳмадинажод мехоҳад далелҳои Теҳрон дар мавриди аҳдофи осоиштаи барномаи ҳастаии кишварро пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG