Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон ва Пхенян дасти ҳам мефишоранд?


Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Шимолӣ аз давраи ҷанги миёни ду кишвари нимҷазираи Корея дар авоили солҳои панҷоҳуми қарни гузашта бо ҳам мухолифат доранд. Ва аз ин рӯ, шурӯъи музокирот миёни ду кишвар ва баррасии имкони ба роҳ мондани равобит, аз нигоҳи коршиносон, падидаи таърихист.
Муовини Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Кристофер Ҳилл ва муовини вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ Ким Кай Гван рӯзи душанбе дар меҳмонсарои Волдорф Асторияи Ню Йорк даври аввали музокиротро ифтитоҳ карданд ва баррасии масоили зиёди марбут ба равобити ду кишвар рӯзи сешанбе низ идома дошт.
Ва аммо сухангӯи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида Шон МакКормак қабл аз шурӯъи музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин нишаст натоиҷи чашмгирро интизор набошанд.

Ман мехоҳам ҳушдор диҳам, ки ин фақат мулоқоти аввал аст ва он бештар ба ҳамоҳангсозии он меъёрҳое бахшида мешавад, ки гурӯҳ дар оянда бояд чӣ корҳоро анҷом диҳад

Гуфтушунид миёни Вошингтон ва Пхенян - натиҷаи музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ дар Пекин аст - рӯзи 13 феврал дар ин нишаст бо ширкати ҳайатҳои Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Ҷопон мақомоти Кореяи Шимолӣ изҳор карданд, ки ба ивази маводи сӯхт ва кумакҳои дигар фаъолияти реактори ҳастаии Ёнгбенро боздошта, ба иддае аз муассисаҳои ҳастаии дигар муҳр хоҳанд зад. Тибқи созиш, Кореяи Шимолӣ бояд тайи 60 рӯз фаъолияти реактори ҳастаии Ёнбенро қатъ карда ба нозирони таслиҳотии МАГАТЕ - Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ барои вуруд ба ин муассиса иҷоза диҳад. Дар иваз ба Пхенян 50 ҳазор тонна маводи сӯхт интиқол дода хоҳад шуд. Дар сурати татбиқи дигар нуктаҳои созиш Кореяи Шимолӣ боз 50 ҳазор тонна маводи сӯхт ваё кумаки иқтисодии баробар ба маблағи ин миқдор маводи сӯхтро дарёфт хоҳад кард.
Шон МакКормак изҳор кард, ки гурӯҳи муштараки корӣ бояд чанд сари ҳали чанд мушкил тамаркуз кунад, ки ҳадафи ниҳоӣ - ба роҳ мондани равобит миёни Вошингтон ва Пхенян аст:

Ин нишасти гурӯҳи корист ва муовини Котиби давлатӣ Кристофер Ҳилл баррасии масоили зиёдеро шурӯъ хоҳад кард ва аз ин рӯ ман наметавонам онҳоро чун музокироти ба роҳ мондани равобит арзёбӣ кунам. Ман фикр мекунам, ӯ дар ин бора сӯҳбат хоҳад кард, ки чӣ гуна ин раванд метавонад ба раванди ба роҳ мондани равобит табдил шавад. Ӯ дар он бора сӯҳбат хоҳад кард, ки чӣ гуна ин раванд ба баррасии мавзӯъи берун кашидани Кореяи Шимолӣ аз феҳрасти кишварҳои пуштибони терроризм табдил шавад.

Ҳамзамон ин ҳафта дар Ҳаной ҳайатҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҷопон мавзӯъи имкони барқарор кардани равобити дипломатӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Барои онҳое, ки ба татбиқи созиши дар музокироти Пекин ҳосилшуда шубҳа мекарданд - ин мулоқот, ҳадди аққал, оғози умедбахшанда аст. Дар ҳамин ҳол дар Ню Йорк муовини вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ ҳамчунин бо раҳбарони пешини Департаменти Давлатӣ Мадлен Олбрайт ва Ҳенри Киссенҷер низ дидору гуфтугӯҳои алоҳида дошт.
Дигар аз падидаи, ба истилоҳ об шудани яхҳои миёни ду кишварро, нашрияи "Ню Йорк таймс" намуна овардааст. Ин нашрия навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Шимолӣ шояд дар мавриди ба Пхенян баргардонидани бахше аз маблағи 25 миллион доллара ба созиш бирасанд, маблағе, ки таҳти фишори Амрико дар бонки Макау мунҷамид шуда буд. Ду сол пеш Иёлоти Муттаҳида Пхенянро дар он муттаҳам кард, ки қаламрави Чинро барои, ба истилоҳ, шустушӯи маблағи аз роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла, тиҷорати силоҳ ба даст омада истифода кардааст. Ва ба думболи ин иттиҳом 25 миллион доллари дар бонки Макау будани Кореяи Шимолӣ мунҷамид карда шуд.
Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Шимолӣ беш аз ним қарн - аз шурӯъи ҷанг миёни Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар соли 1950 ба ин сӯ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин ҷанг то 27 июли соли 1953 идома кард, ҳарчанд расман рӯзи хатми он дар ягон санад сабт нашудааст. Ҷанги миёни ду кишвари нимҷазираи Кореяро бештар набарди неруҳои коммунистӣ - Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ ва мухолифони онҳо - Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Филиппин мехонанд, зеро ин кишварҳо ба ду ҷониби даргир бо силоҳу таҷҳизот ва машварат кумак мекарданд. Дар Кореяи Ҷанубӣ ин ҷангро "ҳаводиси 25 июн" ваё "Югио сабён" ё "Хангук Чонджен" меноманд. Дар Кореяи Шимолӣ бошад он чун "Ҷанги Озодибахшӣ Ватанӣ" ваё "Чогук Ҳебан Чонджен" ёд мешавад.
XS
SM
MD
LG