Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Бритониё дар Ховари Миёна ва Осиё забон меомӯзонад


Акнун бисёре аз марказҳои ин шӯро дар кишварҳои аврупоӣ баста мешаванд, зеро шӯрои мазкур дар фаъолияти худ бештар ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё таваҷҷӯҳ хоҳад кард. ШБ аз соли 1934 ба ин су яке аз пажуҳишгоҳҳои муътабари Бритонё ба шумор меравад.

Ин пажуҳишгоҳ бо тадриси забони инглисӣ, баргузор кардани тестҳо ё имтиҳонҳо, тамрини устодони забони инглисӣ ва фаъолиятҳои фарҳангиаш ҳоло мехоҳад дар қисмати дигари сайора муштариёни худро дошта бошад. Моҳи оянда ШБ 30 дарсади фаъолияташро дар Аврупо маҳдуд мекунад, зеро дар Аврупо дигар зарурате барои омузиши забони инглисӣ боқӣ намондааст. Маблағе, ки аз ин ҳисоб ба даст меояд, дар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё истифода хоҳад шуд.

Ба ин тартиб, кишварҳои каронаи Болтик, Аврупо, аз қабили Утришу Маҷористон ва Словокӣ намояндагиҳои ин шуроро аз даст медиҳанд. Ба ҷои он дар Ироқу Афғонистон намояндагиҳои ин Шуро таъсис хоҳад ёфт ва сармояи ШБ дар ин кишварҳо то ба 50 дарсад хоҳад расид. Минтақаи дигар Миср ва кишварҳои шибҳаҷазираи арабӣ хоҳанд буд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба ин барнома шомил мешаванд. Мартин Дэвидсон-раиси нави ШБ дар бораи зарурати рӯ овардани ин шӯро ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё ба радиои Озодӣ гуфт, ҷаҳон тағйир меёбад ва Бритониё бояд муносибатҳои худро дар баландмуддат бо кишварҳои дигар низ таҳким бахшад. Вай гуфт, масалан, дар Ироқ бояд омӯзиши забони инглисӣ густариш ёбад:


"Ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи мо ба омузишу парвариш ва кӯмак ба раҳбарияти Ироқ барои рушди системи маъорифи онҳо хеле зиёд аст. Мо умедворем, ки вазъи амниятӣ дар он ҷо беҳбуд меёбад, дар он сурат мо роҳҳои навро ҷустуҷӯ мекунем, ки чӣ гуна ба хостҳои ҳукумати Ироқ ҷавоб гӯем".

Дэвидсон 25 сол аз ҷониби ин шӯро дар кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ кор кардааст ва хуб медонад, ки фарҳанг яке аз роҳҳои иртибот миёни мардум мебошад. Намоишгоҳҳо, консертҳо,семинорҳову лексияҳо роҷеъ ба адабиёт, теотр ва мусиқӣ дар бештар аз 100 кишвар собит сохт, ки он чӣ андоза дар фаъолиятҳояш комёб будааст.

Солона фаъолиятҳои ШБ-ро Вазорати корҳои хориҷии Бритониё 370 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Дар робита бо кишварҳои шӯравии собиқ раҳбари нави ШБ мегуяд, ин шӯро дар Белорус намояндагӣ надорад, вале дар Укроин ва кишварҳои Қафқоз фаъолиятро оғоз кардааст:


"Мо дар Укоин як силсила корҳоеро муваффақона пеш мебарем ва умедворем дар ин кишвар ва дар Қафқоз фаъолиятамонро густариш диҳем. Мо дар Озарбойҷону Арманистон ва Гурҷистон барномаҳои хеле хуб дорем. Мо аз посухи тарафҳои ҳамкорамон дар ин кишварҳо ва аз роҳҳои ҳамкорӣ бо мардуми мухталиф дар ин кишварҳо розӣ ҳастем".

Дэвидсон мегуяд, бо назардошти нигарониҳои Русия баъд аз моҷарои парвандаи Литвиненко ё парвандаи ҷосусӣ Шурои Бритонё маҷбур аст, давраҳои омузиши забони инглисӣ дар Русияро бибандад. Бо вуҷуди буҳрони ҳастаии Эрон, Шуро мехоҳад донишҷӯёни ин кишварро ба дарсҳои омузиши инглисӣ ҷалб кунад. Вале Афғонистон яке аз манотиқи аслист, ки зери пӯшиши барномаҳои омузишии Шӯрои Бритонё қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG