Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардиҳои Суғду манзилҳои торики он


Идораи «Суғдгаз» ду моҳ инҷониб интиқоли газро ба хонаҳои одамон ба иллати ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи он пурра қатъ кардааст. Ягона манбаъи гармиву рӯшноӣ барқ низ тибқи меъёри сахт дар субҳу шом дар давоми камобеш як соатӣ танҳо ба манзилҳои биноҳои бисёртабақа дода мешавад.
Сокинони Суғд мегӯянд, ки дар давоми 15 соли ахир ин гуна буҳрони шадиди энергетикиро ёд надоранд. Онҳо дар сӯҳбатҳои сари роҳӣ бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯзҳо бо ҳар роҳу усул ба гарму рӯшан кардани манзилҳои худ машғуланд, аз рӯи мақоли «наҷоти ғарқшаванда ба дасти худи ӯст»:«Дар хона на барқ дорем, на газ, аз ҳамон ним соат барқ, ки медиҳанд, бо гармидеҳи барқӣ ба гарм кардани хона истифода мебарем. Аммо шабона зери ду - се қабат кӯрпа хоб мекунем"





«Ман ба манзилам дар ошёнаи дуюм бухорӣ шинонидам. Хонаро бо ангишт гарм мекунем. Мефаҳмам, ки ин хавфнок, аз дуд заҳролуд шудан мумкин. Ба шунидам, дар ин зимистон 20 - 25 кас заҳролуд шудаанд. Аммо илоҷи дигар нест.Одамони пиронсол ҳастанд, беморон, занҳои нав таваллудкарда, ба умед ҳастем, ки дар оянда шароит беҳтар шавад.»





Бархе аз сокинони Суғд манзилҳои худ дар биноҳои бисёрошёнаро бо бухориҳои бобоӣ ва ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар пайи камбуди барқу газ дар ин фасли сармо нархи бухории оддии оҳанин дар бозорҳои Суғд то 300 сомонӣ, наздики 100 доллари амрикоӣ ва арзиши 100 кило ангишт аз 15 то 65 сомонӣ баланд рафт.
Мағозаву фурӯшгоҳ ва коргоҳу идораҳо, оне, ки қудрат дорад, ҷойҳои кории худро бо нирӯи барқи тавлиди генераторҳо таъмин мекунанд. Ба бозорҳои Суғд пеш аз ин ингуна намудҳои мухталиф ва рангоранги генераторҳои кӯчаки тавлиди Чину Русия ва Ирон ба ин миқдори зиёд ҳеҷ ворид нашуда буд, ки имсол шуд:
«Ҳамин генераторҳоро ҳам мардум чанд рӯз дар бозорҳо пайдо накарданд. Ва ҳолатҳое буд, ки одамон барои харидани он дар навбат меистоданд ва ҳатто байнашон низоъ мехест.»



Аммо як сокини деҳаи Унҷӣ, канори шаҳри Хуҷанд - Луқмон Аҳмадов роҳи аз ҳама беҳтари дастрасӣ ба рӯшноиву гармиро пайдо кардааст. Вай бо истифода аз чархи бузурги трактор ва як генератори оддӣ дар ҷӯйбори тезоби маҳаллаи худ нирӯгоҳи обии барқ дуруст кард. Ин нерӯгоҳи худсоз, ба гуфтаи бунёдкардааш - Луқмон Аҳмадов тавоноии 40 киловатт соат нирӯи барқ дорад ва 20 манзили сокинон ва беморхонаи маҳалларо бо барқ таъмин мекунад: «Ман як сол боз мехостам ин ниятамро амалӣ кунам. Акнун ба ман муясссар шуд, ки як нерӯгоҳи хурди барқ сохта, ба кор андозам. Акнун хонаҳо ва беморхонаи маҳалла бо барқ доим таъмин аст.»




Ин устои худкор афзуд, нерӯгоҳи кӯчаки обии барқро бо сарфи ҳазор доллари амрикоӣ бунёд кардааст ва акнун барои сохтани чунин нерӯгоҳҳои хурд аз сокинони бархе аз маҳалҳои Суғд дархост гирифтааст. Ба гуфтаи вай, дар бисёр ҷойҳои Суғд мешавад чунин нерӯгоҳҳои обии барқ бо хароҷоти хеле кам бунёд кард.
Дар ҳоли ҳозир танҳо ҳамин як мисоли рӯшан овардан мумкин, ки як сокини Суғд бо нирӯи зеҳниву ақлонии худ мушкили асосии рӯзгорашро ҳал ва манзили худу ҳамсоягонашро чароғон кард.







Аммо бисёр сокинони Суғд худро бо умеде тасаллӣ медиҳанд, ки рӯзе ё аниқаш соле мерасаду давлати Тоҷикистон манзили онҳоро бо барқу гази доимӣ таъмин мекунад. Бо чунин орзуи ширин барои қисмати зиёди сокинони Суғд дар ҳоли ҳозир дар манзил, мағозаву фурӯшгоҳ, бозору дӯкон ва корхонаву идораҳо шамъ ва чароғи карасинӣ ҳамоно чун манбаъи асосии рӯшноӣ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG