Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заҳр дар таркиби об


Абдул Ҳусам, профессори кимиё дар донишгоҳи Ҷорҷ Месони Амрико дар зодгоҳаш, Бангладеш бо нӯшидани обе, ки дар таркибаш марги муш доштааст, бузург шудааст, аммо оилаи ӯ аз ин гирифтори ягон маризӣ нашудааст. Чунки оилаи ӯ парҳези ғизои солим мекард, ки чунин парҳез метавонад зарари марги мушро пешгирӣ кунад.

Аммо ҳама чунин шонсро надоранд. Агар инсон оберо, ки дар таркибаш марги муш дорад дар як муддати дароз бинӯшад, дар оянда бадани инсон метавонад гирифтори чандин маризиҳо шавад. Масалан шушдард, маризии пӯст, саратон ва ғайра.

Оқои Ҳусам 10 соли умри худро барои сохтани як филтре, ки обро аз марги муш тоза мекунад, сарф кардааст. Ӯ мегӯяд: «Нархи чунин дастгоҳ аз 35 то 45 доллари амрикоист. Ин бастагӣ аз он дорад, ки аз чӣ мавод сохта шудааст. Шояд нархаш ба маоши якмоҳаи шумо ё кори якрӯзаи шумо баробар шавад.»

Марги муш бештар дар обҳои зеризаминӣ дар аксари кишварҳои дунё, ҳатто дар Чин, Аргентина, Чили, Амрико, Ҳиндустон ва Бангладеш вуҷуд доштааст. Ахиран чунин оби нопок дар водии Зарафшони Ӯзбакистон низ мушоҳида шудааст. Дар гузориши Созмони Милали Мутаҳид гуфта мешавад, ки дар хоки Ӯзбакистон мизони марги муш аз 6 то 10 баробар зиёдтар аст.

Оқои Ҳусам мутмаин ҳаст, ки дар дунё нафароне ҳастанд, ки оби нопоки маргимушдоштаро менӯшанд ва онҳо аз ин хабар надоранд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз мушкилиҳои аслӣ ин аст, ки пайдо кардани марги муш дар таркиби об бисёр мушкил аст, ба хусус дар Ҳиндустон ё Бангладеш. Ҳукуматҳои дигар кишварҳо низ намехоҳанд обро бисанҷанд ки оё дар таркибаш марги муш ҳаст ё на:

«Аксари чунин ҳукуматҳо аз ин масъала чашм мепӯшанд. Ба онҳо мегӯянд, ки оби мо тоза аст ва чунин ҳукуматҳо бовар мекунанд, аммо дар асл чунин нест.»

Ихтироъи оқои Ҳусам ӯро дар Бангладеш машҳур кардааст. Вале вай намехоҳад пули ҷоизаашро барои худ истифода кунад. Оқои Ҳусам тасмим гирифтааст 70 дар сади пули ҷоизаашро ба мардуми нодор бидиҳад, то онҳо филтр харидорӣ кунанд. 25 дар сади пули боқимондаро ӯ барои пажӯҳишҳои оянда сарф карда ва 5 дар сади маблағи дигарро мехоҳад ба донишгоҳи худ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG