Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо телефони «Боварӣ ба ҷанги зидди ришвахорӣ


Хуҷанд. Ҳукумати Суғд барои мубориза алайҳи фасод ва ришвахорӣ як гурӯҳи кории доимӣ ва телефони «Боварӣ» таъсис додааст

Ин гурӯҳи корӣ, ба гуфтаи Илҳоми Ҷамолиён - сарвари Маркази иттилоъотиву таҳлилии ҳукумати Суғд аз намояндагони ҳукумат ташкил шуда, таҳти раҳбарии сардори дастгоҳи иҷроияи раиси ҳукумати вилоят фаъолият хоҳад кард. Вай афзуд : «Ин гурӯҳи корӣ омӯзиш ва санҷиши ҷараёни иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия»- ро бар ӯҳда дорад. Дар ин замина як телефони «Боварӣ» ҳам ташкил карда шудааст, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд аз мавридҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иттилоъ диҳанд. Иттилоъи онҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баррасӣ қарор мегирад.»




Илҳоми Ҷамолиён афзуд, ҳайъати гурӯҳи кории зидди ришвахорӣ сохторҳои ҳукуматии шаҳру навоҳии Суғдро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод. Ҳамчунин ба хотири таъмини шаффофият дар манотиқи мухталифи вилоят микрофонҳои озод барои ибрози ақидаҳо гузошта хоҳад шуд. Таъсиси гурӯҳи кории ҳукуматӣ алайҳи фасод ва ришвахорӣ аз ҷониби коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣ бо назарҳои мухталиф истиқбол шуд. Бархе чунин иқдомро барои аз байн бурдани ришвахорӣ муфид ва саривақтӣ меҳисобанд, аммо баҳси онҳо сари аъзои ниҳодҳои муборизакунанда аст.



Коршинос Раънои Бобоҷон: «Вақте ки худи он мақомот ришва мехӯрад ва боз худаш аз ришвахорӣ назорат мебарад, дар ин ҳол ба боварии мардум сазовор гаштан ва бо фасоду ришвахорӣ муборизаи воқеъӣ бурдан душвор аст. Ман бовар дорам дар байни мақомот ҳам ҳастанд одамҳое, ки тоза ҳастанд ва ба ҳамин гурӯҳ бояд онҳо шомил бошанд.»



Ин дар ҳолест,ки зимни як назарпурсии Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2006 беш аз 2 ҳазор пурсидашудагон мақомоти ҳукуматҳои маҳаллиро дар қатори мақомоти аз ҳама фасодзада ном бурдаанд. Эҳтимол бо назардошти ҳамин омил бархе дигар аз коршиносони Суғд таъсиси ниҳодҳои нав ба нави алайҳи фасод ва ришвахориро дар пешгирӣ аз ин ҷурми ҷомеъа чандон муаассир намехонанд.



Коршинос Наҷмидини Шоҳин меафзояд: «Мутаассифона, ишвахорӣ ва коррупсияро бо таъсиси як гурӯҳ ё комиссиюн, як тадбир ва ё як маҳфил решакан кардан намешавад. Зеро дар Тоҷикистон ҳозир ҳам, чун дар даврони шӯравӣ, бо натиҷаи ҷиноят мубориза мебаранд, на бо заминаву сабабҳо ва манобеъи он.»




Зимнан ин маъниро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдуқоҳир Нозиров, таъсисдиҳандаи гурӯҳи кории зидди ришвахорӣ дар таркиби ҳукумати вилоят ахиран дар як суҳбаташ бо хабарнигорон таъкид дошт: «Коррупсияро барҳам додан умуман як кори вазнин аст. Дар тамоми ҷаҳон аст ин коррупсия. Аммо кӯшиш ба харҷ додан даркор, он проблемаҳое, ки имрӯз ҳаст, пеш аз ҳама, ин сари пардохт кардан ва зиёд кардани маош. Агар имрӯз музди маош дар саноат 126 сомонӣ ва моҳонаи миёнаи умумӣ моҳе 86 сомонӣ бошад, албатта проблемаҳо пайдо мешавад оиди коррупсия.»



Абдуқоҳир Нозиров ҳамчунин изофа кард, ки мубориза бо фасод ва ришвахорӣ кори танҳо мақомот нест,балки бояд як кори ҳамдастонаи ҳар як сокини Тоҷикистон бошад. Аммо саволе, ки то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба он ҷавоби рӯшан ва аниқ нагуфтаанд, ин аст,ки оё мешавад дар ҷомеае, ки музди миёнаи кор тақрибан 100 сомонӣ чизе беш аз 30 доллар бошад, фасоди молӣ ва ришвахории фарогир ва саросариро барҳам зад?
XS
SM
MD
LG