Пайвандҳои дастрасӣ

Агар духтаратон ошиқ шавад, чӣ мекунед?


Агар духтаре ба ҷавоне дил бандад, дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар масъалаи гендерӣ ва зиёд поймол шудани ҳуқуқи зан баҳсҳо зиёданд, ба ӯ волидонаш чӣ гуна муносибат мекунанд. Посухи нахустини мусоҳибам ба ин суол касро метарсонад. Вай мегӯяд, ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳад дод, ки дар дили ҷавондухтараш оташи ишқ шӯъла занад ва агар чунин шавад, ӯро ба гуфтаи худаш «буз мекашад»

«Агар ошиқ шавад, бузуш мекашум.»

Аммо модари дигар баръакси мусоҳиби аввалаам демократ будааст ва орзӯ дорад, ки фарзандаш ба истилоҳ гирифтори доми балои ишқ шавад ва ба давои дилбастааш бирасаду хушбахтона зиндагӣ кунад. Аз ҷониби дигар, мегӯяд ин мусоҳиб, ҳоло ёфтани шавҳар барои духтарон мушкил шудааст, ба ин восита кор осонтар мешавад:

«Хурсанд мешавам, ки духтарам ошиқ шудааст. Ошиқ бошад, зиндагияш ширин мешавад. Аммо ошиқ нашавад ҳам зиндагӣ душвор, боз шавҳар ёфтан ҳам осон нест, худаш нағз дида расад осонтар мешавад кор. Ҳозир як кас дари як кас хостгорӣ намеравад.»

Мусоҳиби навбатиам мегӯяд, агар духтараш ошиқ шавад, илоҷе надорад, зеро дигар он эҳсосро аз қалби духтараш зудуда наметавонад:

«Каседа Худо ризо шавад. Падару модари ҳамон писар, ки омад, ҳатман розӣ мешавем.»

Модари дигар низ бо мусоҳиби боло ҳамфикр аст ва мегӯяд, гӯши ошиқон ҳарфи бегонаро намешунавад ва барои ҳамин ӯ иҷоза медиҳад, то духтараш ба хостаи худаш бирасад.


Баҳси хонандаҳои Майдони Баҳси Озодӣ сари ин мавзӯъ зери ин хати сабз ниҳон аст


Вале зани дигар бар ин аст, ки ошиқон низ гӯши насиҳатшунав доранд ва ӯ ба духтари ошиқшудааш насиҳат хоҳад кард, ки эҳтиёткор бошад, зеро миёни ҷавонписарон ошиқони қалбакӣ ва дурӯғгӯ зиёданд:

«Агар ман фаҳмам, ки духтарам ошиқ шудааст, ман бо вай мустақилона маслиҳат мекунам ва мепурсам, ки он ҷавон оё воқеан дӯсташ медорад ва ё ба қадраш мерасад ё на?»

Танҳо хуб будани домод кофӣ нест, наздикони ӯ низ бояд ба интихоби писарашон муқобил набошанд. Ин назари модари дигар аст:

«Аввал ман бо аҳлу оилаи вай бача, падару модараш сӯҳбат мекунам, баъд духтарамро медиҳам.»

Шояд шумо пурсед, ки чаро аз ҳеҷ як мард, ки сарвари хонавода ба шумор меравад, пурсон нашудем, ки агар духтараш ошиқ шавад чӣ хоҳад кард? Суоли дуруст медиҳед, аммо ҳеҷ яке аз мардон, ки бо ин суол муроҷиат кардем ҳозир нашуд, ки посух бигӯяд. Ба ғайр аз хандидан, ки наметавон онро ҷавоби рад ва ё тасдиқ қабул кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG