Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш дар бораи буҳрони ҳастаии Ирон нашр мешавад


Интизор меравад, ки Муҳаммад Ал Бародеӣ-раиси Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ дар гузориши худ роҷеъ ба Ирон як сирри ба ҳама маълумро ба истилоҳ "ошкор" кунад. Вай хоҳад гуфт, ки Ирон ба ҷои қатъи барномаҳои ҳастаиаш, баръакс ғанисозии урониюмро густариш додааст. Ҳар вақт, ки ин гузориш муъаррефӣ шуд, он ба Шурои Ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ фиристода мешавад, ки аз намояндагони 35 кишвар иборат аст. Ҳамзамон ин гузориш ба Шурои Амнияти (ША) СММ низ ирсол хоҳад шуд.


Баъд аз ин шаш кишвари муҳими ҷаҳон машварат хоҳанд кард, ки барои ворид овардани фишори бештар ба Теҳрон қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд. Бисёре аз маҳофили байналмилалӣ шубҳа доранд, ки Ирон мехоҳад пинҳонӣ ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад. Ба ин далел, маҳофили байналмилалӣ мехоҳанд Ирон иҷрои барномаҳои ҳастаӣ, ба вижа ғанисозии урониюми худро қатъ кунад.


Ғанисозии урониюм метавонад ҳам барои ҳадафҳои сулҳомез ва ҳам барои ҳадафҳои низомӣ истифода шавад. Ирон мегуяд, барномаҳои ҳастаиаш комилан ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад, мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки онҳо омодаанд, ба унвони яке аз шартҳои музокирот замонат диҳанд, ки кишварашон даст ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ нахоҳад зад. Бо вуҷуди ин, Теҳрон баъзе пешшартҳоро дар ин маврид қабул надорад. Марк Фитзпатрик-коршиноси аршад дар умури манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар Маркази Мутолеъоти Стротегии Лондон ба радиои Озодӣ гуфт, акнун мумкин аст Ирон ба таҳримҳои бештаре ру ба ру шавад:


"ША СММ марҳалаи дигари таҳримҳоро баррасӣ хоҳад кард. 23-юми декабри соли гузашта ША дар қатъномаи худ хеле возеҳ ба Ирон гуфта буд, ки агар ин кишвар муҳлат ё зарбулаҷали 60 рузаро риъоят накунад, дар он сурат ША тибқи моддаи 41 даст ба тадобири иловагӣ хоҳад зад. Ин тадобир тадобири иқтисодист."


Моҳи декабр ША ба иттифоқи оро таҳримҳои маҳдудтаре бар зидди Иронро ба тасвиб расонд. Қатъномаи марбута дар ин замина баъд аз ҳафтаҳо баррасӣ пазируфта шуд. Чин ва Руссия, ки аъзои доимии ША мебошанд ва аз ҳақи вето бархурдоранд, дар оғоз мухолифи ин қатънома буданд. Ин ду кишвар дунболи манофеъи иқтисодии худ дар Ирон мегарданд, ба ин далел онҳо ҳамеша таъкид мекарданд, ки бояд буҳрони Ирон аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Шанон Килӣ-коршиноси аршад дар Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Стокҳолм шак дорад, ки аъзои ША битавонанд дар мавуриди таҳримҳои ҷиддитаре бар зидди Ирон ба тавофуқ даст ёбанд, зеро имкони мухолифати Руссияву Чин ба чунин таҳримҳо вуҷуд дорад. Килӣ мегуяд:


"Бо назардошти масъалаҳои тиҷоративу стротегӣ Руссияву Чин намехоҳанд ба чунин таҳримҳо ҳамроҳ шаванд, мисли қатъномаи 1737, зеро ин таҳримҳо дар асли худ муҷозоткунанда мебошанд".


Фитзпатрик низ ин гуфтаҳоро таъйид мекунад ва мегуяд, воқеъан Чину Руссия дар Ирон ҳадафҳои тиҷоративу стротегӣ доранд, вале ин ду кишвар мехоҳанд бо Амрико ва Аврупо низ муносиботи муҳими стротегӣ дошта бошанд ва мехоҳанд бахше аз тасмими ША бошанд. Ба ин далел, онҳо мехоҳанд бозигаре дар арсаи бйналмиллалӣ бошанд.

Моҳҳои ахир дар хориҷ аз чаҳорчубаи СММ низ фишор ба Ирон афзоиш ёфт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фикр мекард, ки бонкҳои Иронро дар ҳолати инзиво нигоҳ дорад, аз ҷумла бонки Содеротро, ки гуфта мешавад, амлиёти террористиро сармоягузорӣ мекунад. Баъзе аз бонкҳои Аврупоӣ, аз ҷумла бонки Кредит Суис, яъне бонки қарзаи Шветсария низ ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ирониро маҳдуд кард.

Коршиносон мегуянд, дар марҳалаи баъдӣ маҳдудиятҳо ё таҳримҳое аз ин қабил, яъне бар зидди бонкҳо мумкин аст доманаи гутарда пайдо кунад. Бо вуҷуди ин, баъзе коршиносон изҳор доштаанд, ки аз гуфтани ақидаи худ дар бораи пешомади марбут буҳрони ҳастаии Ирон душворӣ мекашанд.
XS
SM
MD
LG