Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати "Ориёно" дар Ҷоми аввалин раиси ҷумҳури Туркманистон


Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: "Ба ҳайати дастаи «Ориёно», аслан бозигарони тими мунтахаби наврасони кишвар дохиланд. Ва ширкат дар Ҷоми аввалин президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов барои бозигарони ҷавони кишвар як давраи омодагии онҳо ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон, ки моҳи август дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, маҳсуб меёбад."

Бино ба иттилоъи Мурод Сатилов, дабири кулли Федеросиюни футболи Туркманистон сездаҳумин давраи ин мусобиқот дар пойтахти ин кишвар аз 21 феврал то 1 март баргузор мешавад. Вай афзуд: "Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон соҳиби 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки мақоми дувумро касб мекунад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Ва дастае, ки дар мақоми севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад."

Ба гуфтаи масъули Федеросиюни футболи Туркманистон, дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти имсола даҳ даста дар се гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба ҷуз се дастаи мизбонон - «Ишқобод»-и Ишқобод, МТТУ - Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия ва «Небитчӣ»-и Балканобод, тимҳои футболи меҳмонон - «Абумуслим»-и Машҳади Ирон, «Гандзасар»-и Капани Арманистон, «Ворскла»-и Полтаваи Укроин, «Электрик»-и Бангкоки Тайланд, «Ордабоси»-и Шимкенти Қазоқистон, «Ориёно»-и Душанбеи Тоҷикистон ва тими мунтахаби бошгоҳҳои Туркия барои дарёфти Ҷоми аввалин раиси ҷумҳури Туркманистон мубориза мебаранд. Аз ҷумла, тими «Ориёно» дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ишқобод», «Ворскла» ва «Электрик" бозӣ мекунад. Нахустин бозии «Ориёно» шоми чоршанбеи 21 феврал дар варзишгоҳи Олимпии пойтахти Туркманистон бо тими мизбон - «Ишқобод» баргузор мешавад. Сипас футболбозони тоҷик 23 феврал бо тими "Ворскла" ва 25 феврал бо дастаи "Электрик" зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG