Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев шурӯъ шуд


Мирзо Маҳмадҷонов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи анъанавӣ аз ду давра иборат аст ва марҳилаи аввал дар се минтақа - Душанбе, Хатлон ва Суғд то рӯзи 27 феврал идома хоҳад кард.

Мусобиқаи минтақаи Душанбе бо ширкати шаш дастаи лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Автомобилист» сурат гирифтааст. Нахуст тимҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - барандаи ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар соли 2006 ва «Хима»-и Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон - дастаи «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи 2 бар 1 ба анҷом расид. Ба як голи дар қисми аввали дидор ба ҳадаф расондаи ҳамлагари «Хима» Шуҷоат Неъматов, бозигарони шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов ва Иброҳим Рабимов дар қисми дувуми бозӣ бо ду гол ҷавоб доданд.

Дар ду бозии дигари даври аввали мусобиқа дар ин минтақа «Энергетик»-и Душанбе бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 0 ва CSKA «Помир»-и Душанбе бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба карданд. Бозиҳои даври дувум дар минтақаи Душанбе рӯзи якшанбеи 18 феврал баргузор мешаванд.

Ҳамзамон давраи аввали ин мусобиқа дар минтақаи Хатлон бо ширкати ҳашт даста шурӯъ шуд. Марҳилаи аввали бозиҳо дар вилояти Суғд рӯзи шанбеи 17 феврал оғоз меёбад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи беҳтарин ва аз манотиқи Суғду Хатлон ду дастаӣ ба давраи дувум роҳхат мегиранд. Бад-ин тартиб давраи ниҳоӣ бо ширкати ҳашт даста аз 2-ум то 12-уми март дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG