Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Греммӣ ба мунаққидони Буш


Сегонаи "Дикси Чикз" аз се бону иборат аст, ки панҷ навъи ҷоизаҳои Греммиро ба даст овард. Бар изофаи ҷоизаи беҳтарин олбуми сол, сегона инчунин Ҷоизаи беҳтарин таронаи солро низ моли худ кард.

Ин бори аввал нест, ки дастаи "Дикси Чикз" ба чунин ҷоизаҳо мушарраф мегардад. Дар солҳои гузашта низ гурӯҳе, ки асосан бо мусиқии суннатии "кантри" ё ба истилоҳ рустоии худ машҳур аст, ба чандин навъи ҷоизаи Греммӣ даст ёфта буд.

Даста дар соли 1984 дар иёлати Тексас бо ширкати Эмили Робинсон, Марти Мегюар ва Натали Мейнис таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.

Аммо дар соли 2003, дар арафаи ишғоли Ироқ аз тарафи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида, сарнақшхони гурӯҳ Натали Мейнис пеш аз консерт гуфт, вай шарм медорад, ки президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш низ монанди ӯ аз иёлати Тексас аст. Чунин танқиди ошкорои раҳбари Амрико сабаб гашт, ки сафи мухлифони "Дикси Чикз" танҳо дар худи Амрико то 50 дарсад коҳиш ёфта, даҳҳо консерти гурӯҳ лағв гардид. Аммо тадриҷан ҳунар ба сиёсат пирӯз омад ва инчунин бо гузашти замон сафи амрикоиёне, ки аз сиёсатҳои ҷаноби Буш пуштибонӣ мекарданд, кам шудан гирифт.

Дар ин байн худи Майнес низ барои чунин суханонаш узрхоҳӣ кард, ба ин маънӣ, ки ҳар касеро, ки дар сари қудрат аст, касе ҳам ки бошад, бояд эҳтиром кард.

Таронаҳои гурӯҳи "Дикси Чикз" ошкоргӯёна ва самимиянд ва ба муҳимтарин рӯйдодҳои кишвар бахшида шудаанд. Масалан, таронаи моҳи сентябри соли 2005-и гурӯҳ "Паноҳ аз тӯфон" ном дошта, ба онҳое ҳадия шудааст, ки бар асари беэътибории ҳукумат дар тӯфони Катрин кушта, захмӣ ва бехонумон шуданд.

Дар қиёс бо Тоҷикистон, дар Амрико онҳое баландтарин ҷоизаҳоро мегиранд, ки андешаи озод доранд ва раҳбари давлати худро чи дар суханрониҳо ва чи дар таронаҳои худ танқид мекунанд. Дар Тоҷикистон, баракс онҳое баландтарин ҷоизаҳоро мегиранд, ки дар бораи раҳбарони худ мадҳия ва ситоишҳо месароянд.
XS
SM
MD
LG