Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи чехии ташхиси саратон дар Душанбе


Шуҷоат Нозимов, корманди Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ ба радиёи «Озодӣ» гуфт, ин дастгоҳ, ки «Тегерам» ном дорад, аз ҷумҳурии Чех интиқол ёфтааст. Ҳамакнун, бо истифодаи ин дастгоҳ табибони тоҷик имкон доранд, ки 75 дарсади бемории саратонро тавассути гамма-нурҳо ташхис ва табобат кунанд. Оқои Нозимов мегӯяд, ин дастгоҳи чехӣ аз ҷониби Оҷонси байналмилалии ҳастаӣ ба гунаи як кӯмаки башардӯстона васл мешавад:

«Ин дастгоҳи ҳозиразамон пештар дар ҷумҳурии мо набуд. Онро нав оварданд. Духтурон ба воситаи гамма-нурҳо гирифторони бемории саратонро табобат мекунанд. Дар дохили ин дастгоҳ асоси гамма нурҳо вуҷуд дорад, ки онро «кобак» мегӯянд ва он бемории саратонро дар вуҷуди гирифторон дақиқ карда, тавассути нурҳо нест мекунад. Ин як навъи табобати бемории саратон аст, ки дар Амрико ва кишварҳои Аврупо маъмул аст».

Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки қаблан табибони тоҷик тавассути ҷадвалу симҳо ва плёнкаи рентгенӣ гирифторони бемории саратонро табобат мекарданд. Он вақт, мегӯяд Шуҷоат Нозимов, табибон бештар ба хатоиҳо роҳ медоданд ва табобат низ тӯлонӣ сурат мегирифт. Ҳоло дастгоҳи чехӣ имкон медиҳад, ки гирифторони бемории саратон безарар ва дар муддати кӯтоҳ табобат гиранд. Вай гуфт, пеш аз истифодаи ин дастгоҳи чехӣ саратоншиносони тоҷик дар ҷумҳуриҳои Чех ва Эстония омӯзиш гирифтаанд:

«Мутахассисонро Оҷонси байналмилалии ҳастаӣ омода карда мебиёранд, ки ҳамин дастгоҳро дуруст истифода бурда тавонанд. Аз ҷониби дигар, моҳҳои наздик муайян кардани ташхиси гирифторони саратон тавассути компутарҳо ба роҳ монда мешавад, ки ин гуна дастгоҳро низ аз кишварҳои хориҷ мебиёранд. Баъдан, дар назар аст, як дастгоҳи дигари пурқувват оварда шавад, ки тавассути беморон бо нурҳои барқӣ табобат меёбанд».

Дилбар Маҷидова, мудири шӯъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии кишвар, ки аз соли 1983 инҷониб ба дарди гирифторони бемории саратон дармон меҷӯяд, гуфт, қаблан аз дастгоҳҳои «Роккос» ва «Агат» истифода мекарданд. Аммо ҳоло ба гуфтаи вай, ҳоло табибони тоҷик бе кӯмаки ҳамтоёни хориҷияшон роҳи дурусту осони бемории саратонро дарёфтаанд:

«Ин дастгоҳи наве, ки мо гирфитем, дастгоҳи табобатӣ аст. Мутаасиона, дар ҷумҳурии мо дастгоҳҳои ташхисӣ кам ҳастанд. Агар чунин марказҳои ташхисӣ бисёр мебуданд, кори мо ҳам осонтар мешуд. Баъдан, бадии кор дар он аст, ки ҳанӯз ҳам гирифторони ин беморӣ хеле дер ба мо муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ, мо фақат ба онҳо кӯмак карда метавонем, ки азияти бисёр накашанд».

Вале гуфта мешавад, шӯъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии Тоҷикистон, ки дастгоҳи нави «Тегерам» он ҷо васл шудааст, шароити табобат танҳо барои 40 нафарро дораду халос.
XS
SM
MD
LG