Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Телеком-технолоҷӣ" - қаҳрамони футзали Тоҷикистон


Дар қисмати ниҳоии ин мусобиқот ҳашт тими беҳтарин аз шаҳри Душанбе дар толори бозиҳои дастӣ рақобат карданд. Дар бозии ниҳоӣ «Телеком технолоҷӣ» бар тими «Мегафон -1» бо натиҷаи 9 бар 5 пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард ва соҳиби медали тилло гардид. «Мегафон-1», ки дар ҷойи дуввум қарор гирифт, бо медали нуқра сарфароз шуд. Тими «Вавилон» - қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, ки дастаи «Мегафон-2»-ро бо натиҷаи 6 бар 4 мағлуб сохт, ин дафъа барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дамир Камолиддинов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин бозигарон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 13 то 19 майи соли ҷорӣ дар Ҷопон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Тими миллии футзали Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар байни ҳашт тими беҳтарини қора ҷой гирифтааст, бидуни ширкат дар бозиҳои интихобӣ ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Бар иловаи дастаи Тоҷикистон дар қисмати ниҳоӣ бидуни бозиҳои интихобӣ боз 11 тими футзали кишварҳои қора - Ҷопон, қаҳрамони феълии Осиё, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Австралиё, Чин, Ҳонконг, Кувайт, Малазиё, Тайланд ва Туркманистон ширкат меварзанд. Чаҳор дастаи дигари ширкаткунандаи қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар бозиҳои интихобии гурӯҳӣ, ки 1 март дар Тайван шурӯъ мешаванд, муайян хоҳанд шуд. Ба гурӯҳи «А» Лубнон, Тайван, Камбоҷа, Ҷазоири Малдив ва Гуам, ба гурӯҳи «В» Ироқ, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Макао ва Муанмар дохиланд.
XS
SM
MD
LG