Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Mуаррифии барномаи нави Windows Vista


Дирӯз дар Ню Йорк як маросими дигар низ барпо шуд. Майкрософт, ширкати пешдасти олам дар таҳияи нармафзори компютерӣ низоми нав - Виндовз Вистаро муаррифӣ намуд.

Зимнан тарҷумаи таҳту-л-лафзии Виндовз-Виста "Тиреза ё худ Оинаи Чашмандоз" аст. Майкрософт бар ин назар аст, ки Виндовз-Виста дар истифодаи компютер марҳилаи нав боз хоҳад кард. Солҳои ахир бо пайдоиши Интернет тасаллути бесобиқаи Майкрософт дар арсаи байналмилалӣ заифтар шуд ва таҳиякунандагони Виндовз-Виста умед доранд, ки ин низоми нав нуфузи Майкрософтро таҳким мебахшад.

Ин низом истифодаи воситаҳои диҷиталӣ ё худ рақамии иттилоъро осонтар намуда, истифодабарандагони Интернетро аз ҳар гуна таҳдиду ба истилоҳ "вирус" беҳтар муҳофизат хоҳад кард. Дар шаҳри Ню Йорк Билл Гейтс, муассис ва раиси ширкати Майкрософт нашри Виндовз-Вистаро бо Виндовз 95 муқоиса кард.

"Ҳама чиз рақамӣ мешавад. Ин зербино ба мардум имкон медиҳад, ки парвандаҳои нави корбурд офаранд ва пешрафти сахтафзор, унсури асосии ҳаракатдиҳандаи комёбии онро эҳсос намоянд. Тавре барномаи Виндовз 95 калиди пешрафти даврааш буд, Виндовз Виста калиди пешрафти давраи ҳозира хоҳад шуд. "

Нусхаҳои гуногуни низоми Виндовз дар тақрибан 95 дар сади компютерҳои саросари олам ҷой дода шудааст. Бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ Майкрософт нашри Виндовз-Вистаро чанд дафъа ба таъхир гузошт. Билохира баъди панҷ соли заҳмат ва харҷи 6 миллиард доллар рӯзи 29 январ аввалин нусхаҳои Виндовз-Виста ба дасти муштариён расиданд.

Афроде, ки Виндовз-Вистаро озмоиш кардаанд, мегӯянд, ки дар он аксҳо бо се андоза намоиш дода мешавад ва зербинои расонаҳои видео, мусиқӣ ва сурат хеле пешрафта аст. Дар айни замон онҳо ҳушдор медиҳанд, ки компютерҳои қадимиву заиф дар истифодаи ин низом бо мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд. Худи Майкрософт машварат медиҳад, ки барои истифодаи Виндовз-Виста сахтафзори компютер бояд ҳадди ақал 15 гигабайт захираи озод дошта бошад. Ба гуфти коршиноси амрикоӣ Ричард Доҳертӣ, суръати кории Виндовз-Виста дар компютерҳои қадимӣ суст хоҳад буд:

" Нигора ё худ граффикаи компютер воқеан хеле ҷолиб аст. Вале он нарх дорад. Агар компютери Шумо нав бошад, эҳтимол ҳеҷ мушкиле пайдо нашавад. Вале агар Шумо хоҳед, ки ин низомро дар компютери 2-3 сол пеш харидашуда ҷой диҳед, эҳтимол кори компютер заиф шавад. Масалан, ёфтани парвандаҳои зарурӣ, чопи мавод, хуллас, ҳама чиз ба кундӣ иҷро мешавад"

Коршиносон тахмин мекунанд, ки имсол шояд беш аз 100 миллион нафар низоми Виндовз-Вистаро дар компютерҳояшон ҷой диҳанд. Дигарон эҳтимол мунтазири харидани компютери нав ва мутобиқ ба истифодаи Виндовз -Виста шаванд. Нархи ин низом вобаста ба вижагиву иловаҳо аз 100 то 400 доллар хоҳад буд, ки барои бисёриҳо ғайри қобили қабул аст. Аз ин ҷост, ки рӯзи муаррифии барнома касе дар фурӯшгоҳҳои компютерӣ навбатҳои тӯлонии муштариёни Виндовз-Вистаро мушоҳида накард. Билл Гейтс мегӯяд, ки Виндовз-Виста барои вуруди навовариҳо ба воситаи интернет боз аст:

"Ин воқеан, зербинои навоварӣ мебошад. Мо онро боз намудем ва аллакай мебинем, ки шариконамон корҳои бузургеро ба анҷом мерасонанд."

Зоҳиран, баъзе навовариҳо дар низоми Виндовз -Виста аллакай ба вуқӯъ пайвастааст, вале шояд Билл Гейтс аз вуҷуди он хушҳол набошад. Ҳамзамон, бо нашри ин низом дар саросари олам, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Чин Виндовз- Виста бо нархи наздик ба як доллар ба фурӯш бароварда шуд.
XS
SM
MD
LG