Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Оксфорду Кембриҷ рисолаи докторӣ ҳимоя мекунанд


махсус барои радиои Озодӣ Лондон Даги Дагиев

Абдулмаҳмад Илолиев аввалин тоҷик аст, ки дар яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон – донишгоҳи Кембриҷ рисолаи докторӣ ҳимоя карда сазовори унвони доктори улуми фалсафа шудааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз чиҳил донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои мухталиф дар донишгоҳҳои Бритониё таҳсил мекунанд. Ҳафт нафари онҳо дар риштаҳои фалсафа, таърих, исломшиносӣ, маориф, сиёсатшиносӣ ва мардумшиносӣ ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ машғуланд.

Донишҷӯёни тоҷик ба Бритониё барои таҳсил тавассути барномаҳои мухталифи созмонҳои гуногун сафар мекунанд. Дар баробари барномаҳои давлатии ҳукумати Бритониё, ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ низ донишҷӯёнро барои таҳсил дар Бритониё маблағгузорӣ мекунанд.

Яке аз чунин созмонҳо Пажӯҳишгоҳи мутолиоти исмоилӣ мебошад, ки барномае бо номи Khorog English Programm тарҳрезӣ кардааст. Мувофиқи ин барнома ҳар сол аз 3 то 5 донишҷӯи тоҷик ба Лондон барои таҳсил фиристода мешаванд. Ин донишҷӯён дар давоми ду сол дар Пажӯҳишгоҳи мутолиоти исмоилӣ ба омӯзиши таъриху фалсафаи Ислом, забони арабӣ, фалсафаи асрҳои 19 ва 20-и Аврупо, улуми ҷомеашиносӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ мепардозанд. Баъд аз хатми ин пажӯҳишгоҳ, донишҷӯёни тоҷик таҳсили худро дар донишгоҳҳои маъруфи Бритониё, аз ҷумла Оксфорду Кембриҷ идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG