Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар кайҳон. Тоҷикистон кай?


Ҷумъабек Ҷонтоев, раиси кулли Маркази пажӯҳишҳои астрофизикаи Қазоқистон эълон кард, ки кишвараш аллакай ба қатори кишварҳои кайҳонӣ шомил шудааст.

Ӯ изҳор кард, ки алъон дар дунё анқариб 100 кишвар ҳастанд, ки дорои таҷҳизоти кайҳонӣ буда, дар пажӯҳиши ин ришта ширкат менамоянд. Шумораи кишварҳои дорои дастгоҳ дар кайҳон болиғ аз даҳ аст ва Қазоқистон дар оянда ба ин кишварҳо хоҳад пайваст. Зеро ба таъкиди оқои Ҷонтоев, кишвараш алъон дорои камари маснуъии Казсат Буда барномаи густурдаи пажӯҳишиву илмиро пиёда мекунад.

Академик Виктор Дробжев, раиси Пажӯҳишгоҳи ионосфераи маркази пажӯҳиши астрофизикии Қазоқистон мегӯяд, он дар соли 2005 баъди қабули барномаи давлатии рушди риштаи кайҳонӣ дар солҳои 2005-2007 ба марҳилаи тозаи хеш ворид гардид. Алъон, тибқи ин барнома барои рушди ин ришта барои се сол беш аз 45 миллиард танга тахсис дода шудааст. Ба гуфтаи оқои Дробжев, ҳиссаи бузурги ин маблағ барои партоб кардани камари маснӯъии Казсат ва бунёди маҷмӯъи кайҳонии Байтерек масраф гардидааст. Барои пажӯҳишоти сирф илмӣ дар се сол тақрибан 5-5,5 миллиард танга ҷудо шудааст, мегӯяд раиси Пажӯҳишгоҳи ионосфераи Қазоқистон.

Ба таъкиди ширкатдорони нишаст, пас аз як - ду сол, яъне баъди ба Клуби маркази байналмилалии кайҳонӣ шомил гардидани Қазоқистон фаъолияти пажӯҳишгарони кайҳон дар кишвар боз ҳам густурда хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли хабарнигори радиои Озодӣ дар робита ба ҳамкории донишмандони кайҳоншиноси қазоқ бо олимони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва дигар мамолики Осиёи Марказӣ, Бағдод Туйменбоев, раиси Пажӯҳишгоҳи кайҳоншиносии Қазоқистон гуфт, ки чунин ҳамкорӣ басо зарур аст ва таи чанд сол онон бо ҳампешагони тоҷику узбак дар пажӯҳиши масоили марбут ба баҳри Арал ба таври доимӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Коршиносон бар он назаранд, ки яке аз омилҳои рушди риштаи кайҳонӣ дар Қазоқистон ба пойгоҳи фазонавардии Байконур бастагӣ дорад. Ин пойгоҳи фазонавардии бузургтарини ҷаҳон аз Шӯравӣ ба Қазоқистон мерос мондааст. Ҳар сол Русия барои иҷораи ин пойгоҳ ба Қазоқистон 115 миллион доллар мепардозад. Бар илова, Русия барои пиёдасозии барномаҳои кайҳонии Қазоқистон аз ҷумла, ҷиҳати бунёди пойгоҳи фазонавардии ин кишвар бо номи Байтерек кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG