Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Забони тоҷикӣ соҳиби пайкараи худ мегардад


Корпус ё пайкараи забони тоҷикӣ, тавре муаллифи идея - Толиб Шарифов мегӯяд, дар асоси гирдоварии матнҳои мухталифи забон бо мақсади муайян, яъне нишонагузорӣ ва таҳлилҳо, ҷамъи намунаҳо аз осори адабиёти классикии тоҷику форс, адабиёти Шӯравӣ ва навин, матнҳои нашрияҳои чанд соли ахири Тоҷикистон, намунаҳо аз таърих, фолклор, забони илмҳои дақиқ, сиёсату фалсафа ва мисли ин бунёд мешавад.


Яъне намунаи матнҳо аз соҳаҳои гуногуни илм ҷамъоварӣ шуда, дар як фонди воҳиди электронӣ нигаҳдорӣ мешавад. Толиб Шарифов «Масалан баъзе рӯзномаҳо аллакай дар интернет сайт доранд, он ҷо маводашон ҳаст, маводи радиои Озодӣ, дигар радиоҳо, Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ва ғайра низ дар сомонаҳошон ҷойгир шудаанд, мо метавонем пайкараи забони матбуот ва умуман ВАО-ро аз ҳамин манбаъҳо истифода карда бунёд намоем. Яъне кори мо то ҷое дар ин бахш осон мешавад. Ҳамаи инҳо бояд гирдоварӣ шаванд, то забони гӯишҳову фолклор ва ба ба як системаи умумӣ бояд мутамарказ шаванд, дастраси умум бошанд, то донишҷӯёну дошинмандон аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон ва ҷаҳон барои омӯзиш ва таҳқиқи забон ба ин пайкара дастрасӣ дошта бошанд. Эҳтимол дорад, ки ин пайкараҳо нафақат барои забон, балки масалан, пайкара барои улуми физика, улуми ҷуғрофиё бунёд шавад, яъне тамоми иттилооти ҷуғрофиёӣ бояд дар як пайкара ҷамъ бошад, то ин ки ихлосмандон тавонанд дар ин пайкара натанҳо забон, балки иттилооти илмӣ ба даст орад. Чунки оянда ҳама электронӣ мешавад, коғаз оҳиста-оҳиста аз байн меравад, ҳама кор компутарӣ мешавад,агар мо ин қабил пайкараҳо насозем, илми тоҷикро дар онҳо ҳифз накунем, аз дунё боз ҳам қафо мемонем, тақозои замони нав аст, ки ин қабил пайкараҳо сохта шаванд».


Пайкарасозии забон таърихи қариб 45-сола дорад. Нахустин пайкара - пайкараи таҷрибавии Донишгоҳи Браун соли 1963 дар Амрико бунёд шудааст, ки то ҳоло аз беҳтарин пайкараҳои забон маҳсуб меёбад. Пайкараҳои дигар дар асоси он сохта шуданд. Ҳоло бузургтарин ва ғанитарин пайкараи забон пайкараи забони чиноист,ки беш аз ду миллиард вожаро гирд овардааст. Аммо ҳанӯз пайкараи забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ на дар Эрон ва на дар Афғонистон созмон дода нашудааст. Дар Осиёи Марказӣ ва Русия низ ин гуна пайкара бунёд нашудааст.
Толиб Шарифов, ки ҳамзамон раиси Кумитаи ҷумҳурии истилоҳот аст, иддао дорад, ки ҳеҷ кори ҷиддие дар соҳаи забоншиносӣ бидуни корпус, ё пайкараи забон намешавад анҷом дод. Ӯ мегӯяд, дар навбати аввал дар ин пайкара чаҳор луғати бас муҳимми забони тоҷикӣ, аз он миён луғати басомадӣ, луғати баръакс, луғати имло ва фарҳанги тоҷикӣ ба тоҷикӣ барои толибилмон тартиб дода шавад.


Ҳоло, мегӯяд оқои Шарифов, пайкараи забони тоҷикӣ қариб 30 дар сад омода шудааст. Захираи калимаҳои забони тоҷикӣ, ки аз матнҳои ғуншуда бармеояд, 12 миллионро ташкил додааст. Дар ҳоле ки пайкараи забони тоҷикӣ пурра созмон ёбад, имкон дорад захираи вожаҳо дар забони тоҷикӣ то чанд карат афзун ҳисобида шавад. Аммо ба гуфтаи оқои Шарифов, барои бунёди пайкараи комили забони тоҷикӣ дастгирии ҳукумати кишвар зарур аст.


Аммо андешаи созмон додани пайкараи забони тоҷикиро доктори илми филология Сайфиддин Назарзода, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон қобили дастгирӣ намедонад ва мегӯяд, дар ҳоле ки кори кумитаи ҷумҳурии ислоҳот муассир ва босамар нест, ба бунёди як корпуси дигари забони тоҷикӣ саргарм шудан ба мақсад мувофиқ нест:
XS
SM
MD
LG