Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ришва дар Тоҷикистон, низоъи ҳокими Бодканд ва марзбони тоҷик ва шоми Душанбеву занони сабукпои он


Саҳифаҳои аввали ҳафтаномаҳои «Зиндагӣ», «Фараж», «Тоҷикистон», «Наҷот», «Собития», «Вечерний Душанбе», К ба мавзӯъи мубориза бо фасод бахшида шудаанд.



Ҳамзамон мушкили дохилиҳизбии демократҳо, барканории Масъуд Собиров ва «сари қудрат» омадани муовини аввалаш Саидҷаъфар Исмонов, инчунин мавриди иҷро қарор гирифтани қонунҳои танзимкунандаи муҳоҷирати кории Русия мавриди таваҷҷӯҳи нашрияҳои даврӣ қарор гирифтааст.



Нашрияҳои «Аргументи и факти - Душанбе» ва «Факти и комментарии» пиромуни қазияи ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон бо марзбонони тоҷик дар қитъаи сарҳадии Исфара навиштаанд. Ба навиштаи «Аргументи и факти - Душанбе», тақрибан соати 10-у 50 дақиқаи 9-уми январ ҳокими Бодканд Султонбой Ойҷигитов ба маҳалли бар асари зилзилаи як рӯзи пеш осебдида сафар кард, аммо дар мавзеъи наздисарҳадии Минорук чаҳор низомии тоҷик сабукрави ӯро боздоштанд.



Нашрия аз қавли маркази матбуоти ҳукумати Бодканд овардааст, ки гӯё марзбонони тоҷик Ойҷигитовро иҷборан аз мошинаш берун карда ва ба рӯяш силоҳ давондаанд, дар натиҷа Ойҷигитов мақомоти интизомии қирғизро ба кӯмак мехонад. Марзбонони тоҷик гуфтаанд, ки сабукрави ҳокими Бодканд шубҳабарангез буд ва бояд тафтиш карда мешуд.



Аммо мақомоти Тоҷикистон иттилоъи расонаҳои қирғизӣ оид ба нақзи ҳуқуқи ҳокими Бодканд дар марзро инкор карда ва мегӯянд, қазия на дар ҳудуди Қирғизистон, балки дар қитъаи марзии мавсум ба «Сурх»-и Тоҷикистон сар задаст ва марзбонони тоҷик танҳо вазифаҳои худро иҷро кардаанд. Ҳатто мақомот гуфтаанд, ки марзбонони тоҷик ҳаққи комил доштанд, ки дар вазъи ба амаломада аз силоҳ истифода кунанд.



Нашрияи «Факти и комментарии» дар ин робита менависад, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар пайи қазияи рухдода, ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сим мезанад ва хостори мудохила ба вазъ мешавад. Ҷонибҳо ҳамраъӣ ҳосил мекунанд. Ҳамин нашрия «Факти и комментарии» аз қавли додситони кулли Тоҷикистон меорад, ки раиси собиқи Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон Абдуқодир Эрматов ҳанӯз дар пайгарди қонунӣ қарор дорад. Оқои Бобохонов гуфтааст, ҳоло Эрматов дар Лондон ба сар мебарад ва аллакай дастур барои боздошти ӯ содир шудааст.




Нашрияи Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» дар саҳифаи аввалаш номзади ҳизб ба вакилии порлумон аз ҳавзаи Қубодиёнро муаррифӣ кардааст. Худойназар Тошқувватови 57-сола муҳандиси иқтисодшинос буда, ҳамзамон раисии бахши ин ҳизб дар ноҳияи Носири Хусравро ба дӯш доштааст. Раёсати Ҳизби Наҳзат изҳор кардааст, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ дар рӯзи 11-уми феврал фаъолона ширкат хоҳад кард.



Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ишора ба он намуд, ки минбаъд дар баробари амалкард ва сиёсати давлат мавқеъи интиқодии шадидтареро касб хоҳад кард. Рақиби Тошқувватов дар ҳавзаи интхоботии Қубодиён намояндаи ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон аст. Ва аммо нашрияи «Вечерний Душанбе» ҳамроҳ бо кормандони раёсати умури дохилаи пойтахт як рейди шабона доир кардааст, ки танҳо дар як соату даҳ дақиқаи санҷиши кӯчаҳои Душанбе 22 зани хиёбонӣ, ё ба истилоҳ «сабукпо» боздошт шуданд.

Муаллифи гузориши «Вечерний Душанбе» навиштааст, ки ғолибан шумори ин қабил занҳо дар шоми санҷиш бамаротиб афзун буд. Ба иттилоъи нашрия, дар қайди мақомоти интизомии Душанбе ҳоли ҳозир ҳазору сад зани хиёбонӣ қарор доранд, ки аксаран зодаи навоҳии кишваранд.



Ва дар ниҳоят, ҳафтанома фарҳангии «Адабиёт ва санъат» аз нашри як идда китобҳо нави бадеӣ хабар медиҳад. Аз шумули тозаҳои нашр мешавад «Водии бахт»-и адиби фаронсавӣ Эрик Берниро ном бурд, ки нахустин асарест, ки аз забони фаронсавӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ин китобро нашриёти «Деваштич» интишор кардааст.



Ҳамзамон ба иттилоъи «Адабиёт ва санъат», китобе аз силсилароманҳои таърихии Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин бо номи «Шороҳи абрешим» рӯйи чоп омадааст. Адибон дар ин китоб оид ба нахустин кашшофони роҳи абрешим маълумот медиҳанд. Ва ҳамчунин барои кӯдакону наврасон боз ду китоби нав бо нақшу тасвирҳои зебо ва чопи босифат зери унвони «Исфандиёри рӯинтан» ва «Заҳҳок бандаи иблис» аз қиссаҳои «Шоҳнома»- и безавол бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расидааст.
XS
SM
MD
LG