Пайвандҳои дастрасӣ

15 таронаи беҳтарини сол


15 тарона дар озмуни радиои "Азия-Плюс" аз тарафи дӯстдорони мусиқӣ баҳои баланд гирифта, ба марҳилаи ниҳоии озмун бо номи "Навои дил" роҳ ёфтанд. Дар байни онҳо сурудҳои "Ёри ҷонам" аз гурӯҳи "Авесто", "Хорам мекунӣ" аз Манижаи Давлат, "Ёр бигӯям" аз гурӯҳи "Дилноз", Ишқи ту" аз Шабнами Сурайё, "Зулайхо" аз Ҷӯрабеки Мурод, "Фарёд" аз гурӯҳи "Бахтовар" ва ғайра.

Озмуни "Навои дил" ҷойгузини озмуни машҳури Азия-Плюс "Суруди сол" буда, баъд аз зери назорати Вазорати фарҳанг гузаштани озмуни "Суруди сол" таъсис ёфтааст. Ин озмун рӯзи 9-уми феврал дар толори Театири опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ ҷамъбаст хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG