Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии тими наврасони тоҷик ба Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон


Сездаҳумин давраи ин мусобиқот моҳи феврали соли равон дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Ишқобод баргузор мешавад. Пӯлод Қодиров, сармураббии тими мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ширкат дар Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон барои дастаи мо, ки имсол дар қасмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол байни наврасони то 16-сола дар Куриёи Ҷанубӣ ширкат мекунад, як давраи омодагиҳо маҳсуб мешавад.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон соҳиби 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Тиме, ки дар мақоми севвум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Воқеъан, намояндаи Тоҷикистон - тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - соли 2005 ҷоизаи севвуми ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Ва ин беҳтарин дастоварди тимҳои футболи тоҷик дар Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон мебошад.

Дар мусобиқоти мазкур нӯҳ бор Ҷом ва ҷоизаи аввалро мизбонон соҳиб шудаанд. Минҷумла, тими «Нисо»-и Ашқобод аз ҳама бештар - чаҳор бор бо Ҷом сарфароз гаштааст. Се бор Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистонро тимҳои меҳмонон - «Истиқлол»-и Ирон, «Торпедо»-и Кутаисии Гурҷистон ва «Дачия»-и Кишинёви Молдова ба даст овардаанд.

Дар мусобиқоти имсола ба ҷуз дастаҳои Туркманистону Тоҷикистон, ширкати тимҳои футболи Узбакистон, Арманистон, Укроин, Молдова ва Ирон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG