Пайвандҳои дастрасӣ

Бар зидди фасод! Бо ниҳоди нав


Аммо ҳоло суоли матраҳ дар маҳофили сиёсӣ ва миёни коршиносони тоҷик ин аст, ки то куҷо ин ниҳоди тозатаъсис, ки аз салоҳият ва ваколатҳои хеле густарда бархурдор аст, комёб ба коҳиш ва ҷилавгирӣ аз мизони фасод дар ин кишвар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон ришват ва фасод бештар дар идороти давлатӣ реша давонида ва ниҳоди мазкур низ як ҷузъе аз сохтори давлат мебошад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мӯътақид аст, ки ниҳоди мазкур метавонад дар амри иҷрои вазоифи ба дӯшаш гузошта ба пешравӣ ва тавфиқ даст ёбад. Аммо бо шарте, ки аз таҷоруби кишварҳое, ки дар мубориза бо фасод ва фасодкорӣ муваффақ шудаанд, истифода кунад. Ба бовари доктор Умаров, яке аз шартҳои аслии комёб шудан дар мубориза бо фасод интихоби мутахассисони варзида ва нав дар асоси озмун ба ҳайати ин ниҳод ва шаффофияти комил дар фаъолияти кормандони он будааст

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва танҳо намояндаи фаъоли ин ҳизб дар порлумони кишвар низ бар ин назар аст, ки кормандони ин ниҳод аз тарафи давлат бояд бо маоши муносиб таъмин карда шаванд ва кормандон ба ҳайати ин ниҳод ҳатман тавассути озмун ва имтиҳон пазируфта шаванд. Дар сурати ғайр, меафзояд оқои Кабирӣ, худи ин ниҳод ба як дастгоҳи фасод ва фасодкор табдил меёбад. Аммо ҳамзамон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба як нукта ишора кард, ки кормандони идора бояд дар иҷрои масъулияти худ бо ҳама муносибати яксон дошта бошанд. Ва ғараз ва дидгоҳҳои сиёсӣ набояд дар кори ин идора таъсиргузор бошад

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз дастури лағви бахши мубориза бо ҷинояткориҳои иқтисодии Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар чанд соли пеш аз сӯи президент Раҳмонов ба иттиҳоми олудагии кормандони он ба фасод гуфт, дар пешорӯи ниҳоди тозатаъсис масъулияти сангине гузошта шудааст. Зеро аз як сӯ фасод ва фасодкорӣ аз поин то боло дар идорот ва муассисоти давлатӣ реша давонида аз сӯи дигар аксари масъулини ин ниҳодҳо бо ҳам қаробат ва пайвандҳое доранд, ки дар навбати худ ин идораро мувоҷеҳ ба мушкилот хоҳад кард. Аммо, мегӯяд оқои Атовулло, инъикоси васеъи фаъолияти ин ниҳод дар нашрия ва расонаҳои дигари хабарӣ метавонад дар роҳи коҳиши фасод мусоидат кунад.

Аммо Абдувоҳид Шамолов, мудири шӯъбаи Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳқиқоти муфассал дар робита ба вуҷуди фасод дар ин кишвар анҷом додааст, бар ин назар аст, ки танҳо бо таъсиси як ниҳод ҳатто бо теъдоди зиёди ходим наметавон дар роҳи мубориза бо ин падидаи иҷтимоӣ пирӯз шуд. Оқои Шамолов мегӯяд, дар ин роҳ бояд аз афкори ҷомиа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бештар истифода кард.

Ба ин тартиб, Оҷонси тозатаъсиси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ҳоле шурӯъ ба фаъолият мекунад, ки тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи созмони байналмилалии Транпаренси Интернешнл Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам қарор дорад. Ва нуктаи дигар ин аст, ки бархе аз таҳлилгарони тоҷик ривоҷи фазояндаи фасод дар Тоҷикистонро таҳдид бар амнияти миллӣ унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG