Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷаллаи муҷаллои Осиёи Марказӣ


Бреффнӣ О Рурк Таърих ва фарҳанги ғановатманди Осиёи Марказӣ, мардуми ин минтақа ва табиъати рангоранги он дар маркази таваҷҷӯҳи як маҷаллаи нав қарор гирифт, ки зодаи меҳр ва андешаи журналисти бритониёӣ, дилдодаи содиқи Осиёи Марказӣ Люси Келорт (Lucy Kelaart) аст. Шумораи аввалини маҷалла бо номи "Steppe" ба маънои паҳно дар Лондон аз чоп баромад. Ин як маҷаллаи рангаи гаронбаҳост бо аксҳои чашмнавоз дар коғази муҷалло.

Хонуми Келорт борҳо ба Осиёи Марказӣ сафар карда, дар ин ҷо ба ҳайси хабарнигори расонаҳои гуногун кор кардааст ва ошиқи мардуму табиъати ин минтақа аст. Дар аввалин тақризе ки ба маҷаллаи нав нашр шуд, Даниел Сершен, нависандаи инглиси муқими Бишкек, онро асаре номид, ки ҳамзамон китоби зебои рӯйи мизи қаҳва аст ва феҳрасти осорхона ё бойгонӣ ва маҷаллаи ҷаҳонгардие, ки дар ҳавопаймо ба шумо медиҳанд.

Худи Келорт дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ асли ташаббуси худро ингуна шарҳ дод: "Ман тақрибан ҳафт сол пеш аввалин бор ба Осиёи Марказӣ сафар кардам, аз баъзе манотиқи он аспсавор гузаштам ва аз ҳамон замон ошиқи ин гӯшаи ҷаҳон шудам. Вале медонистам, ки дар бораи он чизе намедонистам. Биноан, баъд аз бозгашт аз сафари аввал дар Донишгоҳи мутолиоти Шарқ таърихи Осиёи Марказиро омӯхта, унвони илмӣ гирифтам ва сипас ба Қазоқистон баргаштам, то забони русиро ёд гирам. Ва акнун, ниҳоят ба андешае расидам, ки ин минтақа ба муаррифӣ ва бозорёбии беҳтаре ниёз дорад. Зеро барои як каси мутавассит, на барои олим, балки як каси миёна, ёфтани иттилои шавқангез дар бораи Осиёи Марказӣ хеле сахт аст."

Дар шумораи аввали маҷалла саргузашти аккосе нашр шудааст, ки дар оғози қарни бистум ба Бухоро омад ва зиндагии мардумро аккосӣ кард. Аз ҷумла амир Сайид Олимхон ба ӯ иҷоза дод, аз вай аксе бигирад. Бархе аз аксҳои Сергей Прокудин-Горский низ ин ҷо чоп шудаанд. Дар матлаби дигар аз таърихи ҳаммом дар Қазоқистон ва аспҳои машҳури ахалтекини Туркманистон сухан меравад. Як мақола бо аксҳои рангин зери унвони "Гиреҳи Помир" нашр шуда, дар он аз як мавзеъи хурде сухан меравад, ки ҳамзамон панҷ кишвар -- Тоҷикистон, Афғонистон, Чин, Ҳинд ва Покистонро бо ҳам васл кардааст. Ва матлаби дигар ба Иссиқкӯли Қирғизистон бахшида шудааст.

Дар таҳияи ин мақолаҳо нависандагони саршиноси бритониёӣ Ясон Еллиот, Колин Туброн ва таърихнавис Ҳуф Поп ширкат кардаанд. Вале Келорт мегӯяд: "Сар аз шумораи дуввум мо аллакай талош дорем, бештар муаллифонро аз Осиёи Марказӣ пайдо кунем, то барои мо нависанд. Биноан, маҷалла як мувозанате пайдо хоҳад кард."

Дар шумораи аввал аксҳое ба нашр расидаанд, ки муаллифони онҳо аз Осиёи Марказӣ мебошанд.

Сиёсат ва иқтисодиёт ба ин маҷалла роҳ нахоҳанд ёфт, мегӯяд, Келорт, зеро барои ин мавзӯъҳо расонаҳои дигаре вуҷуд доранд. Аммо, бархе бар инанд, ки хоҳунохоҳ маҷалла як таҳтуллаҳни сиёсӣ касб хоҳад кард, ба вижа бо пайванд додани вилояти Шинҷони Чин ба Осиёи Марказӣ ва муқоисаи гузаштаву имрӯзаи минтақа. Дар омади гап, Афғонистон низ ба ҳавзаи пӯшиши маҷалла шомил гаштааст.

Келорт мӯътақид аст, ки маҷалла ҳаргиз ба мавод нахоҳад монд, зеро фарҳанг ва таърихи Осиёи Марказӣ як уқёнусест, ки солҳост ғаввосоне ба он ғӯтавар нашудаанд.
XS
SM
MD
LG