Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумо ин шахсро мешиносед?


Дар остонаи барномаи нави мо Ин касест, ки шояд бештар аз ҳар чеҳраи дигари гузашта мавриди баҳс мебошад. Бархе ӯро шадидан ҳимоят мекунанд, бархи дигар бо ҳамин шиддат маҳкум. Вале ҳатто ҷурмҳои исботшуда низ натавонистанд, аз обрӯи ӯ заррае кам кунанд.

Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, муборизи ҳуқуқи инсон Мартин Лютер Кинг имрӯз дар Амрико баъд аз Абраҳам Линколн ва Роналд Рейган саввумин амрикоӣ ба шумор меравад, ки дар лаҳзаҳои мушкил ба мероси ӯ рӯ меоранд. Ва нутқи машҳури ӯ -- "Ман орзуе дорам..." дар тамоми ҷаҳон нашр шуда, дар ҳама гуна беадолатиҳо ба мадади одамон мерасад.

АММО!!! Аммо вақте ҳамкорони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз раҳгузарон пурсиданд, ки оё Мартин Лютер Кингро мешиносед, ягон посухи мусбат нагирифтанд. Як нафар ҳам аз ҳамаи раҳгузарон гуфта натавонист, ки ин шахс кист ва чӣ кардааст. Оё ин як факти мусбат аст ё манфӣ? Оё Шумо метавонед, дар бораи ин шахс иттилоъ диҳед ва собит кунед, ки Кинг ва корномаи ўро медонед? Ва ё пурсише дар ин бора доред? Оё зарур аст, дар бораи ин шахс мо барномае таҳия намоем?

Номаҳои худро, луфтан унвонии Hamnafas@rferl.org ва ё Tajik@rferl.org равон кунед. Пешопеш барои номаҳои беҳтарин сипосгузорем.
----------------------------------------
НОМАИ АВВАЛИН

Салом ҳамнафасони азиз.
Оид ба Мартин Лютер Кинг -- барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳаминро гуфтаниам, ки тавассути муборизаҳои он кас Конгресси ИМА як қатор қонунҳо оид ба барқароркунии ҳуқуқҳои граждании сиёҳпӯстон қабул кард. То он вақт сиёҳпӯстон дар ИМА аз ягон ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархурдор набуданд. Ӯ як шахси рӯҳонии сиёҳпӯст буд. Вале то охири умраш барои дифоъи сиёҳпӯстон дар тамоми дунё мубориза мебурд. Ин албатта, на ба ҳама маъқул буд.

М.Л. Кинг, мутаассифона, дар айни камолоти умраш кушта шуд. Вале кори ӯ, идеяҳои ӯ имрӯз ҳам зинданд. Дар ИМА ҳатто барои ӯ ҳайкал гузоштаанд. Ҳар сол моҳи январ зодрӯзи М.Л.Кинг дар ИМА қайд карда мешавад. Агар имрӯз ИМА дар роҳи демократикунонии ҷаъмият ба ҷое расида бошад, пас ин хизмати чунин шахсони бузург аст.

Вақте ки дар бораи Мартин Лютер Кинг мехонӣ, фикре ба сар мезанад, ки шояд ба миллати тоҷик , ки имрӯз дар хориҷи Ватан хору залил ва саргардон аст, як Мартин Лютер Кинги тоҷик лозим аст? Бубинед, имрӯз чи муносибате доранд, нерӯҳои қудратии Россия ва баъзе ташкилотҳои дигари нимпинҳони он нисбати миллатҳои ғайр, аз ҷумла нисбати сиёҳпӯстон.

Дар мавриди ин ки ба пурсишҳои радиои Озодӣ аз роҳгузарон касе дар бораи Мартин Лютер Кинг чизе гуфта натавонист, ин албатта айб аст. Ин бори дигар нишон медиҳад, аксарияти мардуми оддӣ ( махсусан ҷавонон) аз сиёсату фарҳанг хеле дуранд. Ман бовар дорам, ки на танҳо оид ба Мартин Лютер Кинг, балки оид ба намояндагони илму фарҳангу маданияту санъати миллати тоҷик савол медодед, ҷавоб тақрибан чунин мебуд. Ман дар хотир дорам, дар кадом як барномаи Шумо оид ба устод Аҳмад Бобоқулов ба як гурӯҳ донишҷӯёни донишкадаи санъат(!) саволҳо дода будед ва ҷавобҳои донишҷӯён моро ҳайрон карда буд. Сухан бисёр аст, вале
фурсат, афсӯс, ки кам.

Бо эҳтиром
Маҳмадраҳим
----------------------------------------
НОМАИ ДУВВУМ

Мартин Лютер Кинг мисли аксари сокинони сиёҳпӯсти ИМА республиканс, яъне тарафдори баробарҳуқуқии тамоми халқиятҳои минтақа буд. Тавре ки Кондолиза Райс мушовири президенти ИМА ин ақидаро ҳанӯз аз хурдиаш мепарастад. Ба фикри ман, дар бораи чунин чеҳраҳои мубориз чун Мартин Лютер Кинг барномае таҳия кардан хеле бамаврид аст, зеро тарбияи ин гуна чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, ки ба мардуми Африқоинажод ё сиёҳпӯст даст додааст, шояд барои мардуми мо намунаи ибрат шавад.

Азиза, ш.Душанбе
------------------------------------------
НОМАИ СЕВВУМ

Салом, Озодӣ!
Шумо тасмим гирифтаед, то дар бораи фаъолияти Мартин Лютер Кинг, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел барои шунавандагон барномае бахшед ва пурсидаед, ки меарзад ё не? Ба назари ман меарзад. Ба он хотир, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э.Раҳмонов ҳам ба гирифтани ин ҷоиза пешниҳод буд, аммо коршиносон бо сабабҳои маълум ӯро сазовори ин ҷоиза надонистанд ва бархе аз сокинони кишвари мо ба ин қарори эшон мухолиф шуданд. Шояд тавассути барномаи шумо мардуми тоҷик фаҳмад, ки сазовори чунин ҷоиза шудан кори саҳл нест.
Бо эҳтиром

Замон

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG