Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии тими «Регар» ТадАЗ ба Ҷоми Иттиҳод - 2007


Понздаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик бо ширкати дастаҳои қаҳрамони футболи ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ҳамчунин тими ОФК-и Белгради Сербия аз 20 то 28 январ дар маҷмаъаҳои варзишии «Олимпийский» ва «Динамо»-и шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «А» бозӣ хоҳад кард. Нахуст қаҳрамони футболи Тоҷикистон 20 январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо» бо қаҳрамони Белорус - БАТЭ-и Борисов рақобат мекунад. Бозии дуввуми футболбозони тоҷик 21 январ дар ин маҷмаъа бо тими «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон баргузор мешавад. Воқеъан, тими «Остона»-и Остона -қаҳрамони футболи Қазоқистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод даст кашид, бинобар ин Қазоқистонро дар ин мусобиқот барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар - «Оқтеппа» намояндагӣ мекунад. Ва охирин дидори футболбозони тоҷик дар марҳалаи муқаддамотӣ 23 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский» бо қаҳрамони футболи Русия - CSKA-и Маскав сурат мегирад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақсади боз ҳам пурқувват кардани даста гурӯҳи бозигарон аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии Тоҷикистон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «ХИМА»-и Душанбе, «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, СКА «Помир» ва CSKA-и Душанбе ва як нафар - ҳамлагар Ниёз Қурбонов, аз тими «Насаф»-и Қаршии Узбакистон даъват шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Ҳабибуллоев, тими «Регар» ТадАЗ барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод рӯзи 12 январ ба шаҳри Маскав сафар карда, як ҳафта қабл аз шурӯъи мусобиқот якчанд бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG