Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ногаҳонии президенти Туркманистон


Намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо барои Осиёи Марказй, Пйер Морел, ки чанде пеш аз Туркманистон дидан карда буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: "То расми дафн, ҳама чиз дар ҳоли гузор аст ва мо хеле бо эҳтиёт рӯйдодҳоро мушҳоида мекунем. Ман рӯзҳои охир он ҷо будам ва ин беҳтарин нишонаи он аст, ки таваҷҷӯҳи мост, вале бояд ба оянда омодагии ҷиддӣ дошта бошем." Аммо Раиси бахши Аврупо дар Созмони хабарнигорони бидуни марз, Элза Видол мегӯяд, ин фурсатест барои дигаргуниҳои куллӣ дар Туркманистон: "Президент Ниёзов дар бисёр ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон масъул буд ва яке аз душманони озодии матбуот ба шумор мерафт. Туркманистон аз лиҳози фишор ба матбуот дар ҷаҳон ҷойи дуюмро мегирад. Ин яке аз пӯшидатарин минтақаҳо дар ҷаҳон аст."

Туркия, ки бо Туркманистон қаробати қавмӣ дорад, ба мардуми туркман тасаллият фиристод. Вазири корҳои хориҷии Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, Туркманбошӣ талошҳои самимонае кардааст, то Туркманистонро аз умқи мероси шӯравӣ берун кашад." Вазирони умури хориҷии Русия ва Олмон, ки ин хабарро дар як мулоқоти худ дар Маскав баррасӣ карданд, гуфтанд, интизори инро доранд, ки интиқоли қудрат ба думболи марги Ниёзов ба таври осоишта сурат хоҳад гирифт. Вале бархе аз таҳлилгарони Русия ҳушдор додаанд, ки вакууми густардаи қудрат, ки пас аз сари Туркманбошӣ ба миён омадааст, метавонад, ин кишварро ба саҳнаи даргириҳо табдил диҳад.
Бо вуҷуди он ки Туркманистон дар аҳди Сафармурод Ниёзов худро кишвари бетараф эълон карда буд, ҳамеша бо Русия равобити наздикро ҳифз мекард ва эълони Туркманбошӣ дар бораи хуруҷи кишвараш аз Ҷомеаи муштаракулманофеъ агар Маскавро нохушнуд карда бошад, ризоият надоданаш ба таъсис пойгоҳи нирӯҳои амрикоӣ онро хурсанд карда буд. Ва ҳамчунин Маскав гази Туркманистонро бо қимати поён харида, бо нархи гарон ба Аврупо мефурӯхт.
Яке аз харидорони гази Туркманистон президенти Украина Виктор Юшенко гуфтааст, дар расми дафни Сафармурод Ниёзов ширкат хоҳад кард. Сухангӯи Юшенко, Ирина Ванников, президенти Украина аз номи худ ва аз номаи мардуми украин даргузашти президент Ниёзовро ба мардуми туркманистон тасаллият гуфт ва Ниёзовро дӯсти ҳақиқии Украина номид. Вай гуфт, "президент Ниёзов барномаҳои густардаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиеро дар кишвараш амалӣ кард ва ҷойгоҳи байнулмилалии кишварашро ҳифз намуд." Ҳамчунин гуфта шуд, Юшенко ба дафни Ниёзов бо як ҳайъати давлатии Украин сафар хоҳад кард.

Ноиби аввали раиси порлумони Тоҷикистон ва намояндаи аршади ҳизби ҳокими Халқию Демократй, Абдулмаҷид Достиев гуфтааст, умедвор аст, марги раҳбари туркман сабаби ташаннуҷи вазъ дар Туркманистон нахоҳад шуд. Ба ақидаи вай, саромадони туркман ба дараҷаи кофӣ ақли солим доранд, ки ба чунин таҳаввул роҳ надиҳанд.
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, агар ин ҳодисаи ногаҳонӣ ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Туркманистон таъсири манфӣ расонад, ин таъсир дар ҳамаи Осиёи Марказӣ эҳсос хоҳад шуд. Ва раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ба ноором шудани авзоъ дар Туркманистон шубҳа дорад, балки баракс раҳбари нави ин кишвар дигар нахоҳад тавонист, монанди Ниёзов сарварй кунад. Вай тахмин зад, Туркманистон эҳтимолан роҳи як кишвари озодтареро дар пеш хоҳад гирифт.

Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон гуфтааст, барои шаҳрвандони Тоҷикистон як китоби хотираи раҳбари худро боз хоҳад кард, ки ҳар хоҳишманд метавонад, дар он андешаи худро нависад. Бархе аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон мизбондории Ниёзовро аз гуфтушунидҳои сулҳ ва ҳам муносибати нарми мақомоти ин кишварро ба паноҳандагони тоҷик дар солҳои 1992-97 тазаккур доданд.
XS
SM
MD
LG