Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс: Дар Ироқ бояд роҳи наве ҷуст


Дар гузориш омадааст, тундравҳо аз моҳи август ба ин су ба ҳадафҳои Ироқӣ ва Амрикоӣ ҳамла мекунанд. Тундравҳои шиъа нисбат ба шабакаи террористии Ал Қоъида бештар ба куштори аҳолии Бағдод даст задаанд. Гузорише, ки вазорати дифоъи Амрико барои Конгресс таҳия кардааст, "Тадобири марбут ба суботу амният дар Ироқ" ном дорад. Дар ин гузориш омадааст, ки аз моҳи июни соли 2004, яъне аз замоне, ки Ироқ дубора истиқлол ба даст овард, ҳамла ба нируҳои эътлофи зери фармондеҳии Амрико ва ба нирҳои амниятӣ 22 дарсад афзоиш ёфтааст. Тибқи ин гузориш нируҳои зиддиамрикоӣ ба ҳадафи стротегии худ ноил шудаанд ва даргириҳои мазҳабии байни сунниҳо ва шиъаҳоро доман задаанд, ки ҳоло амнияти марзии Ироқро зери хатар бурдааст ва ба ниҳодҳои сиёсии давлатӣ таҳдид мекунад. Гузориши вазорати дифоъи Амрико ё Пентагон дар бораи сиёсати нави Амрико роҷеъ ба Ироқ рузе мунташир шуд, ки Роберт Гейтс-вазири нави дифоъ ба иҷрои вазоифи худ шуруъ кард. Гейтс дар бораи ин сиёсати нав чунин изҳори ақида кард:

"Ҳамаи мо дар ҷустуҷуи роҳе ҳастем, ки писарону духтарони Амрикоиро ба ватанашон баргардонем. Вале он гуна, ки раиси ҷумҳур ба таври возеҳ баён дошт, мо наметавонем ба соддагӣ Ховари Миёнаро ба ҳоли худ гузорем. Нокомӣ дар Ироқ дар чунин шароит шикасте хоҳад буд, ки домангири миллати мо хоҳад шуд ва тавоноии моро заъиф хоҳад кард ва Амрикоро дар даҳсолаҳои оянда дар маърази хатар қарор хоҳад дод".

Роберт Гейтс-вазири нави дифоъ, ки дар ин мақом ба ҷои Доналд Рамсфелд омадааст, дар нишасти хабарии Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба тафсилоти гузориши вазорати дифоъ суҳбат накард, вале аз ин гузориш рушан аст, ки вай дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда саъй хоҳад кард, то пешниҳодҳои матруҳа дар ин гузоришро мелоки амал қарор диҳад. Дар гузориш омадааст, Артиши Меҳдӣ, ки зери фармони Муқтадо- Ал-Садр аст, ба унвони яке аз нируҳои хатарзо ҷои Ал-Қоъидаро дар Ироқ гирифтааст ва ин ниру метавонад даргириҳои мазҳабиро дар ин кишвар доман занад.
XS
SM
MD
LG