Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои муҳоҷирон аз оянда


Ба гуфтаи райиси ҷамъият Раҳматулло Мазориев нигаронии муҳоҷирон аз он аст, ки тайи чор моҳи соли оянда тақрибан 75 дар сади онҳо ҷойи кори худро дар бозорҳо аз даст хоҳанд дод.

"Аз 15 январ муҳоҷирон дар бозор 40 дар сад ва аз 1 апрел ҳеч ҷой нахоҳанд дошт. Бино ба ҳисобҳои пешакии мо аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷик қариб 75 дар сади онҳо бекор мемонад. Гузашта аз ин, онҳое ки бори худро дар ин муддат фурухта наметавонанд, дучанд зарар мебинанд. Мақомоти маҳаллии бовар доранд, ки мардуми таҳҷой меваву сабзаҷотро хариду фуруш карда наметавонад, вале онҳо ҳам дар назди қонуни федералӣ ночор ҳастанд."

Дар ҷаласе ҳам ки рузи душанбе дар робита ба Рузи ҷаҳонии муҳоҷират дар Маскав, бо ширкатии созмонҳои тоҷикон ва донадагони таъриху иқтисодиёти Тоҷикистон баргузор шуд, масъалаи аслии мавриди баҳс мушкилоти бардавоми муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд. Нуктаҳои асосии ин нишастро Карматулло Шарифов, райиси созмони «Тоҷикдиаспора» ташреы кард.
Вай гуфт:

"Аксари сухангуён ба такрор таъкид карданд, сиёсати муҳоҷиратие ки мақомоти Русия аз 15 янаври соли оянда ба роҳ меандозад, ҳазорон оворагонро бехонумон хоҳад кард, зеро муҳоҷир бори аввал ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима мешавад ва бори дуввум барои панҷ сол аз Русия хориҷ карда хоҳад шуд."

Кароматулло Шарифов ҳамчунин гуфт, ки донишмандон мақомоти Тоҷикистонро ҳушдор карданд, ки бозгашти густурдаи муҳоҷирони ноком метавонад, суботи дохили дар кишваро ба ҳам бизанад.

Дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират рӯзномаи «Новие известия» чопи Маскав аз сарнавишти талхи муҳоҷирони кории кишварҳои Муштаракулманофеъ дар боздоштгоҳҳои муваққати Маскав ва Санкт-Петербург гузориши густурда интишор кардааст. Ба навиштаи рузнома дар боздошгоҳи занонаи рақами 2-и Маскав аслан занони муҳоҷири тоҷик, гурҷӣ ва узбак дар интизори ихроҷи иҷборӣ ба сар мебаранд. Муҳоҷирзани гурҷии 50 сола Манана Ҷабелия пас аз ду моҳи боздошт дар ҳамин ҷо даргузашт. Райиси консулгарии Гурҷистон Зураб Патарадзе дар суҳбат бо рӯзномаи «Новие известия» гуфтааст: Ба мо маълум аст, ки муҳоҷирони депортшуда аз Санкт-Петербург дар масири фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо барқ, электрошок азият карда шудаанд. Тенгиз Тогонидзе, ки дар фурудгоҳи Домодедово ҷони худро аз даст дод, шомили ҳамин гуруҳи ихроҷшудагон буд, гуфтааст райиси консулгарии Гурҷистон дар Маскав.

Манзурат Каримова ҳуқуқшиноси созмони минтқаии «Муҳоҷират ва ҳуқуқ», ки аз боздоштгоҳи рақами 1 шаҳри Маскав дидан кардааст, мегуяд дар он ҷо беш аз сад нафар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд ва бархе аз онҳо бемор ҳастанд.

"Дар шабонаруз ба як боздоштшуда ба маблағи 50 рубл хурок дода мешавад. Кашава ва оби шурбо ё суп. Меъдвау гурдаи бисёрие аз онҳо бемор аст."

Боздоштшудагон аслан атбоъи кишварҳои Муштаркулманофеъ, атбоъи кишварҳои бо Русия дуст ва бархурдор аз низоми бидуни раводид мебошад. Бино ба хабари намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия дар зиндонҳои муваққати шаҳру вилояти Маскав наздик ба 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар банд аст.

Гузашта аз ин, ҳизбҳову ҷунбишҳои миллатгаро низ мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро яке аз самтҳои фаъолияти худ қарор додаанд.

Дар анҷумани «Кунгураи ҷомеъаҳои русӣ, ки рӯзи 9 декабр дар Маскав бо ширкати бахши аъзами гуруҳҳои миллатгаро баргузор шуд, узви парламон ва райиси собиқи ҳизби парламонии Родина Дмитрй Рогозин ошкоро эълом кард, қавмҳое, ки бо хости русҳо созгор нестанд, бояд ин кишварро тарк кунанд.
Дигар аз ширкаткунадагони анҷуман аз як созмони мазҳабии православӣ Леонид Мишкевич бо ҷонибдори аз шиори милтагароёни кучагии «Шараф ба Русия» мегуяд ин шиори хубест ва В. Путин ҳам аз он ҷонибдорӣ ва истифода мекунад.

Бино ба гузоришот анҷумани «Кунгураи ҷомеъаҳои руси» барнома дорад, бо ташкили як ҳизби воҳид номзадҳои худро ба интихоботи парламонии соли 2007 ва интихобтии президентии соли 2008 пешниҳод намоянд.

Лозим ба ёдоворист, ки бегонаситези ва таъқиби муҳоҷирони ғайриқонуни дар Русия солҳост, ки идома дорад ва аммо пас аз он, ки Владимир Путин тайи охирин гуфтугуи мустақими телевизионии худ ду моҳ пеш хостори танг кардани ҷои муҳоҷирон дар бозорҳо шуд, вазъи муҳоҷирон боз ҳам сангинтар шудааст.

Ба гуфтаи Владимир Путин дар Русия ҳудудан 15 миллион муҳоҷир ба сар мебарад, ва онҳо ҷой мардуми таҳҷоиро дар тиҷорат танг кардаанд. Бино ба омори намояндагии вазорати кори Тоҷикистон таий чор сол аз Русия беш аз 40 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик хориҷ карда шудаанд, ки то панҷ сол ҳақи бозгашт ба Русияро надоранд. Ин дар ҳолест, ки байни Русия ва Тоҷикистон се сол пеш дар Душанбе, бо ҳузури Владимир Путин ва Эмомалӣ Раымонов созишномаи танзими муҳоҷират байни ду кишвар имзо шудааст.

Вазъи Муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъд аз соли нав

Расули Шодон

Ба гуфтаи Сергей Болдирев муовини раиси хадамоти муҳоҷирати Русия муҳоҷирони корие, ки ба Русия меоянд 3 моҳ муҳлат доранд, ки дар Хадамоти муҳоҷирати Русия худро сабти ном кунанд.

"Қабули чунин қонунҳо барои он буд, ки аз як тараф мо ҷалби муҳоҷирони кориро аз кишварҳои ҳамсуд сода созем ва шумо медонед, ки мо хоҳем ё нахоҳем Русия ба муҳоҷирони кори ниёз дорад."

Аммо бархе аз коршиносони Русия мегуянд, ки конунҳои қабулшуда вазъи муҳоҷирони кориро осон нахоҳад кард.
Лидия Графова раиси маҷмаи созмонҳои марбут ба куч додани аҳолӣ мегуяд, ки дар тобистони имсол Русия беҳтарин қонун барои муҳоҷирони кори қабул кард вале ин қонун як мушкилӣ дорад, ки ҳар муҳоҷири корӣ бояд ҳар 3 ё ҳар 6 моҳ аз русия барояд ва дубора вориди ин кишвар шавад, то дар марзбонӣ сабти ном дошта бошад.

"Аз 15 январ муҳоҷироне ки вориди Русия мешаванд роҳҳои қонунӣ кардани онҳо осотнтар хоҳад шуд, аммо он 10 миллион муҳоҷире, ки хадамоти муҳоҷирати Русия мегуяд дар ин қонун ҷой намегиранд. Бубинед, касе, ки вориди Русия мешавад, зуд зуд метавонад роҳи қонунии худро пайдо кунад, вале онҳое ки дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳастанд ва таҷрибаи корӣ доранд, онҳоро пулис думбол мекунад ва ҷарима мекунад, барои он ки онҳо қонунӣ шаванд, онҳо бояд ба кишвари худ барои як дақиқа баргарданд ва баъд дубора вориди хоки Русия шаванд."

Дар чунин ҳолат вазъи муҳоҷирини кории Тоҷик, ки дар сохтмонҳо ва бозорҳои Русия кор мекунанд чи мешавад? Ба ин суол Сергей Болдерев муовини раиси хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт, ки ӯ чанд рӯз қабл бо муовини сафири Тоҷикистон дар Русия дар бораи вазъи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия баъд аз 15 январ суҳбат кардааст ва то ҳол рушан нашудааст, ки қонун дар мавриди онҳо чӣ тарз иҷро хоҳад шуд.:

"Мо бо муовини сафири Тоҷикистон як мулоқот анҷом додем ва дар ин мулоқот ӯ аз хадамоти мо Суол кард ки бо муҳоҷирони кории тоҷик баъд 15 январ чи мешавад? шумо медонед, ки қонун аз 15 январ эътибор пайдо мекунад ва ман ҳоло наметавонам ҷавоб бедиҳам ки бо муҳиҷорон дар оянда чи хоҳад шуд"

Тибқи омори ғайрирасмӣ дар Русия беш аз 600 ҳазор то 1 милион муҳоҷири ғайриқонунии Тоҷик кор ва зиндаги мекунанд. Кор ва иқомати аксари онҳо дар Руссия ғайриқонунӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG