Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ


Тоҷикистон аз 14 кишвари қора, минҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ - аз Қирғизистон чаҳор зина, аз Туркманистон нӯҳ зина ва аз Афғонистон 12 зина болотар ҷой гирифтааст. Вале нисбат ба ду кишвари дигари ин минтақа - Қазоқистон 20 зина ва Узбакистон 17 зина поинтар мебошад.


Наргис Набиева, ноиби раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик аввалин бор дар Бозиҳои Осиёӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.



Чин дар ҳисоби умумии дастаӣ бо касби 315 медал, минҷумла 164 нишони тилло ғолиби Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар гаштааст. Куриёи Ҷанубӣ бо 193 медал, аз ҷумла 58 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Ҷопон бо 198 медал, минҷумла 50 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтанд.


Қазоқистон, ки 85 медал, аз ҷумла 23 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум ва Тайланд бо 54 медал, минҷумла 13 нишони тилло дар мақоми панҷум мебошанд.


Дар байни даҳ тими беҳтарини қора, ҳамчунин Ирон, Узбакистон, Ҳиндустон, Малайзиё ва Қатар ҷойгир шудаанд. Ирон бо 48 медал - 11 тилло, 15 нуқра ва 22 биринҷӣ ҷойи шашум ва Узбакистон бо 39 медал - 11 тилло, 14 нуқра ва 14 биринҷӣ ҷойи ҳафтумро касб кардаанд.
XS
SM
MD
LG