Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синни издивоҷ: Кадом давра беҳтар аст?


Ба ақидаи онҳо ҳар қадар синни духтар ҷавон бошад,эътимод нибати ӯ низ бештар будааст. Дар ин зимн Муроди 23 сола,ки мехоҳад ҳамсари ояндааш панҷ сол аз ӯ хурдтар бошад гуфт дар ин синну сол ба худ тобеъ кардани зани ҷавону камтаҷриба ба маротиб осонтар аст: «Чун таҷрибаи ман зиёдтар аст,аз ин рӯ агар синни ҳамсари ояндаам аз ман хурдтар бошад гапи ман нағзтар мегузарад ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад.Чун таҷрибаи ман бештар аст»

Аммо як гурӯҳи ҷавонони дигар танҳо ба он хотир бо духтарони аз худ хурд издивоҷ мекунанд, ки бо гузашти вақт дар баробари шавҳар онҳо ҷавониашонро аз даст намедодаанд. Ашӯрро мешунавем, ки 24 сол дорад:
"Ман мехоҳам ҳамсарам аз ман 5 сол хурдтар бошад.Чун дар ин сурат ӯ дертар пир мешавад."

Дар ҳамин ҳол аксари духтарони тоҷик низ бар ин назаранд,ки синни шавҳар бояд аз онҳо калон бошад:«Ҳастанд духтароне,ки бо мардони 10 15 сол аз худ калон оила бунёд мекунанд.Ба фикри ман барои духтарони синни мард зиёд аҳмият надорад.Вале ман мехоҳам шавҳари ояндаам аз ман 1 ва ё 2 сол калонтар бошад.Чун ба ҳар ҳол ҷавонтар будани ҳамсар барои шавҳар беҳтар аст.»

Вале Парвин як нафар донишҷӯ ақидаи дигар дорад. Ӯ мегӯяд духтарони таҳсилкарда ва нисбатан калонсол таҷрибаи зиёд дошта,барои бунёди оилаи солим омодаанд ва ӯ танҳо чунин ҳамсарро интихоб хоҳад кард: «Муҳим он ки духтар ба талаботи ҷавон ҷавобгӯ бошад,Ва фикр мекунам,ки синну сол лар ин ҷо нақши асосиро дошта бошад, Он нафароне,ки мехоҳанд бо духтарони аз худ 5 ва ё 6 сол хурд оила барпо кунанд, фикри он қадар хуб нест. Зеро дар ин синну сол духтарон ҳанӯз дар зиндагӣ таҷрибаи кофӣ надоранд ва дар тарбияи фарзанд низ наметавонанд малакаи хуб дошта бошанд.Ва аксари хонавайрониҳо низ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. »

Ба назари коршиносон оилаҳои хело ҳам ҷавон ғолибан дар зиндагӣ шикаст мехуранд. Зеро таҷрибаи нокофии онҳо боиси зуд зуд сар задани ҷангу низоъҳои оилавӣ мешаванд, ки одатан бо сабабҳои ночиз ба миён меоянд.
XS
SM
MD
LG