Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ва ҷаҳон: Панҷ соли бидуни Толибон


Қосимшоҳ Искандаров, раиси маркази низоъшиносии Тоҷикистон ва ҳамзамон яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, таҳлили вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мебошад. Ҷаноби Искандаров гуфт, ҳузури нерӯҳои байнулмилал дар тӯли ин панҷ сол ҳанӯз ҳам нигаронӣ аз носуботии Афғонистон ва минтақаро коҳиш надодааст.

Ва баҳсу мунозираҳо дар ҳамоиши имрӯз низ аслан сари масъалаи ҳузури Амрико ва НАТО дар Афғонистон қарор дошт. Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи кишвраи ӯ аз ҳузур дар Афғонистон хотима гузоштан ба низоъҳои дохилӣ ва мусоидат ба демократиякунонии ин кишвар мебошад. Бону Ҷейкобсон гуфт, Амрико барои таҷдид ва азнавсозиҳо дар Афғонистон тайи 5 соли ахир беш аз 10 миллиард доллар сарф кардааст.

Аммо Владимир Пластун, шарқшиноси рус гуфт, ҳузури Амрико ва НАТО тӯли панҷ соли ахир дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоъии мардум таъсири камранге доштааст. Ба андешаи оқои Пластун, дар ин муддат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври бояду шояд ҷилавгирӣ нашудааст. Ӯ гуфт, бино бар таҳлилҳо, рӯз то рӯз ҳаракати Толибон дар Афғонистон нерӯ мегирад ва тарафдоронаш аз ҳисоби мардуми афғон меафзояд.

Ва аммо Саид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз беҳбудиҳои вазъи феълии Афғонистон мисол зад, ки дар замони Толибон занҳо беҳуқуқтарин табақаи ҷомеъ маҳсуб меёфтанд ва аммо феълан, 25 %-ро дар порлумон занҳо ташкил мекунанд ва дар мақоми вазиру сафир фаъолият доранд.

Дар ин ҳамоиш, коршиносон ва таҳлилгарон аз 10 кишвари ҷаҳон, Амрико, Бритониё, Покистон, Эрон, Афғонистон ва инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.
XS
SM
MD
LG