Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгоҳи барқзо беҳтар ё чароғу бухории бобоӣ?


Аз ашёе, ки дар рӯзҳои бебарқии ахир дар бозорҳои Суғд нодир ва камёб шудааст, генератор, яъне дастгоҳи тавлиди барқ мебошад. Сокинони Суғд дастгоҳи тавлиди барқро имрӯзҳо чун ягона манбаъи рӯшан кардани манзилҳои зисти худ ва гоҳе манбаъи гармӣ харидорӣ ва истифода мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар фурӯшгоҳҳо метавон ду навъ генераторҳои истеҳсоли Чинро пайдо кард: бо нирӯи барқзои як киловатт/соат ва 2.5 киловатт/соат. Ин гуна генераторҳо мутаносибан 400 ва 1.200 сомонӣ нарх дорад, баробари 120 ва 300 доллари амрикоӣ. Зимнан, арзиши дастгоҳҳои тавлиди барқ имрӯзҳо назар ба нархи тобистонӣ то ду баробар баланд рафтааст, аммо ба гуфтаи фурӯшандаҳои бозори Панҷшанбе - бузургтарин фурӯшгоҳи Суғд, шумораи харидорони он баръакс, рӯ ба афзоиш аст ва одамон барои хариди он навбат мепоянд. Аммо ба гуфтаи мусоҳибам, ӯ аз генератор, чун нирӯи барқофарини он кам аст, танҳо шабона барои рӯшан кардани манзили худ истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, бо як генератори хурд мешавад манзилро рӯшан кард ва радио ё телевизорро гирон кард.

Аммо фароҳам сохтани ин шароити оддӣ, ба гуфтаи коршиносони масоили энержӣ, бо вазъияти хатарзо низ тавъам аст. Ғуломидин Саҳобидинов, коршиноси тоҷик, хатари истифодаи дастгоҳҳои мухтори тавлиди барқро дар ҳамҷоя шудани нирӯи барқ дар хати доимӣ ва хат аз генератор мебинад, ки хатари марговар барои одамон дошта метавонад. Ҳадди ақал соҳибхона аз асбобҳои электронии худ, ки аз шиддати зиёди барқ аз кор мебароянд, маҳрум хоҳад шуд. Аз оқибати офатноки ин ҳодиса ин ки дар манзил сӯхтор сар мезанад.

Аслан, тоҷикистониёни синнашон аз чиҳил боло бо генераторҳои барқофар аз кӯдакӣ ошноянд. То солҳои
ҳафтодуми асри гузашта дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон барқ тавассути генераторҳои дизелӣ, ки нирӯгоҳҳои дизелии барқ мегуфтанд ва бо истифода аз бензин кор мекард, тавлид меёфт ва дар се - чаҳор соати субҳу шом ба хонаҳои одамон интиқол меёфт. Албатта, нирӯи тавлидотии он ба истилоҳ - нирӯгоҳҳои дизелии барқ ночиз буд ва вобаста ба хурдиву бузургӣ аз 5 - 6 то 20 - 30 киловатт/соат барқ тавлид мекарданд.

Ғуломидин Салоҳидинов мегӯяд, шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва бӯҳрони фарогири энержӣ дигарбора ёди генераторҳои барқзоро дар зеҳни сокинон, умдатан манотиқи ҷануби шарқӣ ва Бадахшон бедор ва истифодаи онро роиҷ кардааст. Сокинони он манотиқ аз дастгоҳи дастисохти барқзое ҳам истифода мекунанд, ки аз насосҳои обкашӣ сохта шудааст.

Аммо бо ин ҳама генераторҳои барқзо, ки дар фурӯш ҳаст, ба ҳама сокинони Тоҷикистон, дастрас нест. Аз як сӯ, гаронии арзиши он. Дуюм, қимматии арзиши истифодаи генератор, ки барои ними шабонарӯз бо сӯхти аз 3 то 6 литр бензин фароҳам меояд. Сеюм, масъулияти сахти бехатарии энержӣ, ки бар дӯши истифодакунанда мегузорад, ҳаваси сокинонро ба корбурди генератор костааст.

Пас, чароғу бухории бобоӣ беҳтар?...
XS
SM
MD
LG