Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин ҳамон, вале роҳкиро гарон


Арзиши маводи сӯхт ва фаровардаҳои нафтӣ дар бозорҳои Тоҷикистон таи чанд моҳи ахир ба таври хос тағйир наёфтааст.

Нархи як литр маводи сӯхт дар Душанбе (5 декабр):

Бензини навъи А-95 --------- 2 с. 50 д.
Бензини навъи А-96---------- 2 с. 80 д.
Бензини навъи 92---------- 2 с. 40 д.
Салярка-------------------------- 2 с. 20 д.
Гази моеъ ------------------------1 с. 45 д.
Гази табиӣ (як балони мошин) ----7 с.


Ҳарчанд, баҳои маводи сухт дар кишвар бетағйир боқӣ мондааст, аммо бо боришоти барф ва мушкил шудани ҳаракат дар ҷодаҳо соҳибони нақлиёти хусусӣ ва ҳатто баъзан машруткаҳо роҳкироро боло мебаранд. Масалан, дар хатти сайри Душанбе - Ваҳдат, роҳкирои як таксӣ, ки маъмулан 2 сомонро ташкил медод ба 5 сомонӣ рамидааст. Мусоҳибам Сӯҳроб мегӯяд, бо истифода аз чунин вазъ вадидани мусофирони зиёд ронандаҳои маршруту таксиҳо нархи роҳкироро боло мебаранд, ки баъдан поён рафтани он амри маҳол аст.

Маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аслан аз Қазоқистон ва Узбакистону Туркманистон ворид мешавад. Тибқи иттилоъи Вазорати иқтисод, Тоҷикистон ҳамасола ба беш аз 600 ҳазор тонна маводи сухт эҳтиёҷ дорад, аммо ҳар сол ба ин кишвар танҳо ҳудудан 350 ҳазор тонна чунин маҳсулот ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки истеҳсолоти фаровардаҳои нафтӣ дар дохили Тоҷикистон танҳо 10 дар сади талаботро қонеъ мекардаасту бас.
XS
SM
MD
LG