Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нави дастгоҳи раиси ҷумҳур


Амиршо Миралиев - раиси пешини вилояти Хатлон тибқи як фармони раиси ҷумҳурӣ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъин шудааст.

Ҷаноби Миралиев, ки аз соли 2001 то замони интишори ин фармон курсии раёсати вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт, рӯзи 20-уми моҳи равон шастсола хоҳад шуд.Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буда, дар солҳои мухталифи замони шӯравӣ дар вазоифи комсомоливу ҳизбӣ фаъолияти кардааст.

Соли 1995 намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2000 мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури кадрҳо будааст. Тайи як сол, яъне аз соли 2000 то замони интисобаш ба вазифаи раиси вилояти Хатлон такроран вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон интихоб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, таъйини Амиршо Миралиев ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияро коршиносони мустақили тоҷик идомаи сиёсати ҷалби кадрҳои кӯҳна ба вазоифи давлатӣ бар асоси садоқати шахсӣ ба раиси ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.

Давлатшоҳи Шоэътибор, як коршиноси тоҷики муқими Қурғонтеппа - маркази вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки Амиршо Миралиев барои раиси ҷумҳурӣ шахси озмуда ва мавриди эътимод маҳсуб меёбад ва бидуни тардид ин омил дар интихоби вай бетаъсир набудааст:

«Амиршо Миралиев яке аз шахсиятҳои сарсупурдаи Ҷаноби Олӣ ҳастанд.Президенти ҷумҳурӣ сад дар сад боварӣ дорад,ки Амиршо Миралиев нисбати ватан нисбати президенти ҷумҳурӣ ягон коре, ки ношоиста аст, ӯро раво намебинад.»

Ба ин тартиб, бо таъйини Амиршо Миралиев ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон руасои ҳамаи се вилоёти ин кишвар аз вазоиф барканор шуданд.

Аммо ба таъбири коршиносон аз ин миён танҳо Амиршо Миралиев, ки мутаваллиди ноҳияи Данғара -зодгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, тавонистааст,ки ба масъулияти дигари давлатӣ интисоб шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кобинаи ҷадиди давлати Тоҷикистон ба назари коршиносон бештари вазорат ва кумитаҳо, махсусан мақомоти калидӣ ба ихтиёри намояндагони як минтақаи муайяни кишвар вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG