Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашр ва фурӯши китобҳои тақаллубӣ дар Тоҷикистон


Мушкили китобҳои пастсифати нусхакӯб ҳатто то долонҳои ҳукумат кашидааст, вале ҳамоно дар дӯконҳои худрӯйи китобфурӯшӣ ин адабиёт ба фурӯш меравад. Аслиддин Низомов, раиси шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи раисҷумҳури кишвар мегӯяд:

«Бо ин китобҳо, ки дар бархе маврид сифатан бад ва аз мантиқ орӣ ҳастанд, тавассути вазоратҳои қудратӣ ва муҷозои маъмурӣ мубориза бурдан кифоя нест. Бояд шуури ватандорӣ, доништалабӣ ва муҳимтар ҷавобгӯйии мо назди фарзандон фарогиртар шавад, ҷамъият бояд садди роҳи фурӯш ва нашри ин китобҳои каммазмун, бесифат ва нусхакӯб шавад»

Дар ҳамин маврид, ба иттилоъи Раҷабмад Амиров, ки ба ҳини ин сӯҳбат масъулияти вазири фарҳанги кишварро бар дӯш дошт, дар нашароти давлатӣ китобҳои дарсии баландсифат нашр мешаванд. Вале ин китобҳо дар нашароти ғайриқонунӣ нусхабардорӣ шудаву бо қиммати арзон ба фурӯш мераванд:

«Мо дар нашароти давлатӣ китобҳои хубу босифат ва ба талабот ҷавобгӯ нашр мекунем, аммо бархе аз афроди ба ном «ватандӯст» ба кӯдак хизмати хирсона карда, ин китобҳоро нусхабардорӣ мекунанд ва дар дӯконҳои худкор ба фурӯш мезананд. Бояд садди роҳи ин раванд шуд.»

Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии ба китобҳои бесифат ва нусхакӯб рӯ овардани волидайн дар сатҳи пасти зиндагонии мардум ниҳон аст. Волидайн тавони харидори китобҳои аслро надоранд ва иҷборан нусхаи онро харидорӣ мекунанд.

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар мегӯяд, ин китобҳо усулан дар мошинҳои нусхакӯб ё ксерокопияҳо бароварда мешаванд. Оқои Раҳимов афзуд, китоби бесифат, ки дар онҳо ҳатто сатру ҳарфҳо шинохта намешаванд, ба кӯдак бевосита зарари маънавӣ ва муҳимтар аз ин ба Тандурустии онҳо зиён меоранд:

«Китобҳои нусхакӯб ба саломати кӯдак, ба зеҳни ӯ, психологияи ӯ, биниши ӯ сахт зиён доранд.»

Дар мавриде, ки масъулин шурӯъ аз Вазорати фарҳанг то маориф ва Дастгоҳи президенти кишвар перомуни мушкил ва хатари китобҳои дарсии нусхакӯб бонги изтироб мезананд, тақрибан дар ҳама дӯконҳои кишвар, ба вежа дар бозорҳои бузургтарини пойтахт ҳамчун Саховат, Шоҳмансур ва Корвон ин китобҳо озод ба фурӯш мераванд.

Аз сӯи дигар, қочоқчиёни китоб ҳамагуна китоби дарсиро нусхабардорӣ кардаву ба фурӯш мезананд. Ҳамакнун дар ҷузвдони атфоли як синфхона метавон чанд навъ Алифбо, Буквари русӣ, Математикаву Таърихро дарёфт, ки дар даврони Шӯравӣ роиҷ будаанд ва то ҳанӯз кӯдак аз субҳ то шом шиорҳои коммунистонаву мадҳияҳои Ленинро аз бар мекунад ва Ленинро сарвар ва асосгузори давлати худ медонад,зеро дар китоб навиштаанд, ки Ленин ин давлат (Тоҷикистон???)-ро офаридааст ва ғ. ва ҳ. Аммо ин тамоман мавзӯъи дигар аст, ки мо сари он бармегардем.
XS
SM
MD
LG