Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргиси ҳаштсола, ки ба меҳмонии Петросян меравад


Монологи ҳаҷвие бо номи «Зебоҷон» сабаби шӯҳрат ёфтани Наргис Иброҳимоваи 8 - сола шудааст.

Наргис аз чаҳор солагӣ ба ҷодаи ҳунар қадам гузоштааст ва дар миёни ҳунармандон ҳамчун ҷавонтарин ҳаҷвнигор шинохта мешавад. Ба гуфтаи падараш Қиёмиддин Иброҳимов, Наргис то имрӯз дар 50 саҳнаву филмҳои ҳаҷвӣ нақш бозидааст, аммо аз ҳама бештар ба монолог майл доштааст. Наргис ба гуфтаи падараш ҳамчунин бисёр закӣ аст ва дар тақлид низ маҳорати зиёд дорад. Монологи сӯҳбат бо лухтакаш "Зебоҷон" ҳам бо тақлид аз суханҳои волидонаш тавлид шудааст.

Падари Наргис: «Рости гап, ҳамин саҳнаи "дадем гуфтан, ки"- ро ман аслан барои модараш эҷод карда будам, вале Наргис гуфт, дада ман бозӣ кунам ҳамин нақша?. Ман гуфтам, метавонӣ? Он вақт қариб 7 - сола буд , гуфт бале. Ва чун вай аз хурдӣ ҳама гапу кори модарашро чинда мегирифт ва тақлид ҳам мекард аз ӯҳдаи ин нақш бисёр хуб баромад. Ва мухлисон ҳам хуб қабул карданд. »

Зимнан, яке аз омилҳои дигари мувафақ шудани Наргис дар ин ҷода падараш, ки ҳунарманд ва ҳаҷвнигор аст ва ҳамчунин модари ҳунармандаш мебошад. Худи Наргис мегӯяд, нахустин нақшро дар синни чаҳорсолагӣ ва дар саҳнаи «оби ширини Ватанам», иҷро кардааст, ки он барояш бисйор мушкил будааст.

Наргис: "Чунки он ҷо ман бояд як шеъри дуру дароз мехондам, ки он бароям бисёр мушкил буд. Вале чанд рӯз дар хона аз ёд кардам ва тавонистам."

Вале имрӯз мегӯяд Наргис дар баробари таҳсил дар мактаби миёна аз ӯҳдаи иҷрои нақш ва аз бар кардани матнҳои монологҳо ба хубӣ мебарояд. Ӯ худро дар ҷодаи ҳунар муваффақ меҳисобад, зеро мегӯяд, аксарият ҳунари ӯро хуб қабул карданд.

Наргис: «Як рӯз вақте ману падарам ба бозор рафтем, яке як фурӯшандаҳо маро ба наздаш хонда пурсупос кард, ва гуфт ки мешиносад маро, зебоҷон, яъне ҳамон Наргисам. Ва як қурут дод ба ман ва дигараш як заголка дод ва ҳамин хел ба ман ҳар чиз тӯҳфа мекарданд. Ҳамон ҷо ман хеле хурсанд шудам, чунки фаҳмидам, ки мухлис дорам.»

Вале ба гуфти падараш Қиёмиддин Иброҳимов, Наргис ба жанре рӯ овардааст, яъне монологхонӣ, ки дар Тоҷикистон имрӯз хеле кам ба назар мерасад ва бинобар ин барои мухлисони ҳаҷв ин ҷолиб ва як чизи наве буд.

Падари Наргис: «Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Наргис нахустин монологгӯи хурдсол аст, чунки то ҳол мо чунин як монологгӯи хурсол надоштем»

Монологҳои Наргис офаридаҳои падараш будаанд ва ба ин ҳаҷвнигор монологи "Ҳуд -ҳуд", ки дар он 5 шеваи забони тоҷикӣ истифода мешавад хеле писанд будааст.

Ин ҳунарманди хурдсолро ҳаҷвнигори маъруфи рус Евгений Петросян барои иштирок дар барномаи солинавӣ ба Русия даъват кардааст ва қарор аст, вай бо забони русӣ монологеро дар он ҷо пешкаш кунад. Петросян баъд аз тамошои диски саҳнаҳои ҳавнигори хурдсоли тоҷик ба ҳунари ӯ баҳои хуб дода, ӯро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG