Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СПИД дар Тоҷикистон. Огоҳии бештар, ташхисҳои бештар, гирифторони бештар...


Бино ба омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ин кишвар 626 гирифтори бемории ВИЧ СПИД расман ба қайд гирифта шудааст. То имрӯз дар Тоҷикистон 46 гирифтори ВИЧ СПИД дар натиҷаи печидан ба бемориҳои сироятӣ: назири сил ҷони худро аз даст додаанд.

Оид ба вазъ ва корҳои амалӣ алайҳи густариши ин беморӣ бо муовини мудири маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, Бозор Акрамов ҳамсӯҳбат шудам ва нахуст суоле, ки аз ӯ кардам ин буд, ки оё арқоми расмии гирифторони ин беморӣ, яъне 626 нафар, магар теъдоди аслии гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳаст ?

«Албатта не, зеро дар ягон кишвари ҷаҳон то ҳанӯз омори аслии гирифторони ин беморӣ пурра муайян карда нашудааст. Аммо мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳар чӣ бештар дар миёни гурӯҳҳои осебпазир аз ҷумла мӯътодон, зиндониён ва муҳоҷирони корӣ чунин беморонро ҷустуҷӯ кунем. Ҳоло дар маркази ҳама вилоёти Тоҷикистон марказҳои ташхиси ин вирус вуҷуд доранд ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додаем.»

Ба назари шумо, оё дар миёни маризон занҳо ва оё занҳои ҳомила низ ҳастанд?

«Оре, занҳо низ ҳастанд то имрӯз чаҳор зани гирифтор кӯдак ба дунё овардаанд ва тибқи қонунҳои ҷории кишвар, то 2,5 солагӣ ин кӯдакон зери назорати ҷиддии пизишкон қарор хоҳанд дошт.»

Шаҳло Каримова, корманди ташхисгоҳи маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД мегӯяд:

«Дар қиёс бо 4-5 соли пеш огоҳии мардум дар мавриди ин беморӣ ва паёмадҳои он болотар рафтааст ва дар рӯз то 10 - 15 нафар барои аз ташхис гузаштан ба ин марказ меоянд.»

Бино ба омори расмии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, то имрӯз беш аз 10.000 сокини кишвар дар марокизи мубориза алайҳи ин бемории марговар аз ташхис гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG