Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико шарикони ояндаи худро таълим медиҳад?


Вазорати корҳои хориҷаи ИМА дар иттилоияи ахири худ навиштааст, дар соли ҷорӣ 590 ҳазор донишҷӯ ва пажӯҳишгари ҷавон барои таҳсил дар ин кишвар раводид гирифтаанд, ки аз миёни онҳо донишомӯзони тоҷик истисно набудаанд.

Ботур Қосимов, корманди созмони амрикоии IREX дар Тоҷикистон гуфт, ин созмон тасмим гирифтааст, ҳамасола дар доираи барномаҳои муайян ҷавонони донишомӯзро ба Амрико фиристад. Ба гуфтаи ӯ, худи имсол аз ҳисоби созмони онҳо даҳ нафар донишҷӯ имкони таҳсил дар Амрикоро дарёб кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳамагуна хароҷоти донишомӯзон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷаи Амрико пардохт мешавад. Дар робита ба ин гуфтаҳо аз Ботур суол кардам, ки аз чунин маблағгузориҳои бузург худи Амрико чӣ манфиате хоҳад дид?

Ботур Қосимов: «Ҳукумати Амрико аз ин маблағгузории калон мехоҳад, яке аз ин донишҷӯён дар оянда яке аз соҳибмансабҳои кишвари худ шавад ва дар наздикшавии мавқеъҳои ҳардуи ин кишвар мусоидат намояд. Бо ин роҳ амрикоиҳо партнёр ё шарикони ояндаи худро тарбия мекунанд».

Бунёди Сорос, яке аз созмонҳои бузурги байналмилалӣ мебошад, ки ҳамасола донишомӯзонро барои таҳсил дар Амрико ва дигар кишварҳои Аврупо кӯмак мекунад. Заррина Мамадалиева, ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишии ин созмон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, донишомӯзони довталабро олимони амрикоӣ имтиҳон мекунанд ва беҳтаринҳо барои таҳсил интихоб мешаванд. Хонум Мамадалиева мегӯяд, барои онҳо шумораи донишомӯзон муҳим набудааст

Заррина Мамадалиева: «Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ду барномаи махсуси омӯзишӣ барои гирифтани маълумот дар хориҷаро дорад. Барои таҳсил дар солҳои 2006 ва 2008-ум аз Тоҷикистон се нафар пирӯз шудаанд. Ин барномаҳо ба ҳамаи шаҳрвандонии ҷумҳурии мо имкони баробар медиҳад. Баъдан на шумора, балки дониши қавии довталабон ба назар гирифта мешавад».

Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёне, ки дар Амрико таҳсил кардаанд, мегӯянд, роҳандозӣ кардани чунин барномаҳои омӯзишӣ на танҳо ба манфиати донишомӯзон, балки ба манфиати ҳукумати Тоҷикистон низ хоҳад буд. Малика Ҷӯрақулова, ки солҳои 2004-2005 дар Амрико таҳсил кардааст, гуфт, ӯ баробари ошно шудан бо маданияту фарҳанги хонаводаҳои амрикоиҳо, ҳамчунин дӯстони зиёдеро аз кишварҳои гуногуни дунё пайдо кардааст. Гуфта мешавад, донишомӯзоне, ки таҳсили Амрикоро гирифтаанд, аксаран дар созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG