Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши корбарони банкоматҳо дар Тоҷикистон


Сабаби афзудани шумори мизоҷони худро масъулини бонкҳо дар он мебинанд,ки аксар созмонҳои хориҷӣ маоши кормандонашонро на ба таври нақдӣ, балки тавассути интиқол ба суратҳисоби кормандон пардохт мекунанд ва баъдан онҳо бо истифода аз кортҳои плостикӣ миқдори муайяни пулро дастрас мекунанд. Ҳамчунин тоҷирон низ бар ин назаранд,ки зимни сафарҳои корӣ тариқи ин кортҳо гирифтани пул осон ва қулайтар аст.


Ноҳида, донишҷуйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд истифодаи чунин кортҳо корашро осон кардааст:
«Ман кӯмакпулиамро тариқи корти плостикӣ мегирам. Ин аз кадом ҷиҳат қулай аст? Масалан ҳар вақте ки хостам ҳамон вақт дар куҷое набошам ё дар мағоза ва ё дар дискоклуб шабонарӯзӣ пуламро мегирам. Ҳамчунин доимо бо худ доштани пули зиёд чандон хуб нест ва корти пластикӣ бошад хурду назарногир ва бехатар аст. Ба назарам ин барои ҳама қулай аст.»


Ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ба таври васеъ хизматрасонии кортҳои пластикиро ба роҳ мондаанд. «Агроинвестбонк» 4 намуди кортҳои пластикиро пешниҳод карда ва беш аз 8 000 мизоҷ ва 31 дастгоҳи банкомат доштааст.


Муҳиба Маҳмадҷонова сардори идораи бозорёбии «Агроинвестбонк» дар сӯҳбат ба «Ояндасоз» гуфт, ҳаққи хизмати банкоматҳо 1 фоиз аз миқдори умумии маблағ будааст:

«Имтиёзҳои ин шакли хизматрасони дар он аст, ки шахс ба бонк вобаста намебошад. Ин ҷо ба як чиз бояд аҳамият дод, агар шахс аз корти пластикӣ истифода кунад ин корти пластикӣ худаш ҳисоби амонатии бонкӣ мебошад ва дар як сол 6 фоизи солона ба соҳибаш фоида дода мешавад. Агар аз банкоматҳои «Агроинвестбонк» истифода баранд мо фоиз намегирем.»

«Тоҷиксодиротбонк» 3000 мизоҷ дошта барои гирифтани корти виза Электрони як сола, 13 доллари амрикои талаб мекунад. Ҳаққи хизмати банкоматҳояш бошад аз пули сомонӣ ва ҳам аз доллари амрикойи 1 фоиз будааст.


Арзиши дарёфти корти бонкӣ дар «Ориёнбанк» барои 3 сол 16 доллари амрикоӣ буда, ҳаққи хизмати дастгоҳи худпардозӣ пул аз сифр то 1, 5 фоиз аст.
Аммо бо ин вуҷуд ҳанӯз кортҳои пластикӣ ба таври васеъ истифода намешаванд, чунки дастгоҳи шинохти кортро на дар ҳама фурӯшгоҳу марказҳои тиҷоратӣ дарёфт кардан мумкин аст. Озод Одинамамадов сардори шӯъбаи бозорёбии «Тоҷиксодиротбонк» гуфт:


«Дар хориҷа тариқи кортҳои пластикӣ тамоми пардохтҳои ғайри нақдӣ гузаронида мешаванд. Хизматрасонии меҳмонхона, харидани чиптаҳои ҳавопаймо ва ҳатто дар қаҳвахонаҳо. Аммо дар Тоҷикистон ин чиз нест, барои ба ин дараҷа расидан вақт лозим аст.»


Бо вуҷуди ин эҳсос мешавад, ин навъи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон нав аст. Зимни истифода аз мошинҳои пул, мизоҷ ба якчанд мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Барои мисол баъзе банкоматҳо хуб кор накарда маблағро ба пуррагӣ пардохт намекунанд. Муҳиба Маҳмадҷонова сабаби ин мушкилро чунин шарҳ медиҳад:


«Сабабҳои зиёд дорад, ба монанди бад будани вазъи таъминоти барқ ки алоқаро бо мо коста мекунад, ҳамчунин хуб набудани алоқаи Интернет ҳам бисёр мушкил пеш меоварад.»


Ҳарчанд бонкҳои кишвар ба шаҳрвандон намудҳои гуногуни хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод мекунанд, ба гуфтаи Илҳом Назриев хабарнигори озод аксари одамон ба бонкҳо эътимод надоранд.

«Баъди шикасти Шуравӣ пулҳо иваз шуду ба мардум пулҳои амонат гузоштаашонро барнагардонданд ва аз ҳамин сабаб ба бонкҳо боварии мо ҳоло ҳам кам аст.»


Масъулини бонкҳои Тоҷикистон ваъда медиҳанд, ки дар рӯзҳои наздики тариқи кортҳои пластикӣ имкони пардохтани пули телефонҳои мобайл ва шаҳрӣ, ҳаққи хизмати коммуналӣ, барқу газ ва ғайраро фароҳам хоҳанд овард. Танҳо баъзеҳо орзу мекунанд, ки агар баробари он маоши мардум низ боло равад, айни муддаъо мебуд.
XS
SM
MD
LG