Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро муҳоҷирони Суғд ба хадамоти муҳоҷират бовар надоранд?


130 ҳазор ва як ҳазор

Ҳомидҷон Ҷалолов, сардори идораи хадамоти муҳоҷират дар Суғд мегӯяд, қисмати умдаи муҳоҷирони кории Суғд имсол дар Русия будубош доштаанд:

«Аз шумораи умумии муҳоҷирони Суғд 112 ҳазор мард ва 16 ҳазор зан мебошанд. Аз инҳо дар Русия беш аз 123 ҳазор муваққатан кор ва зиндагӣ доранд, инчунин дар Украина, Қазоқистон, Қирғизистон аз ҳазор нафарӣ камтар»

Ба гуфтаи оқои Ҷалолов, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд панҷ муассисаву идора ба ироаи пешниҳод ва таъмини ҷои кор дар хориҷ аз Тоҷикистон ихтисос дорад.

Аммо чунон ки омори расмӣ нишон медиҳад, дар соли равон қисми хеле кам, камтар аз як дар сади муҳоҷирини кории Суғд аз хидмати чунин муассисаву идораҳои муҳоҷират истифода кардаанд. Вале сабаби аслии ин нобоварӣ ба идораҳои муҳоҷират дар чист?


Назари корҷӯёни Суғд

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ назари сокинони корҷӯяндаи Суғдро дар ин маврид пурсидам:

«Душвор аст ба онҳо бовар кардан. Чунки бисёриҳоро фиреб додаанд.»

«Бале, ин идораҳо муҳоҷиронро бо ҷои кор, ҷои зисти мувофиқ ва хӯроки гарм таъмин мекунанд. Пулашонро ҳам саривақт медиҳанд.»

«Ваъдаҳои зиёд медиҳанд, ки бо ҷои кор хуб ва пули калон таъмин мекунем. Аммо ба ваъдаҳояшон вафо намекунанд.»



Сабабҳои нобоварӣ

Ба гуфтаи мусоҳибонам, идораву муассисаҳои муҳоҷирати Суғд кафолати дифоъи ҳуқуқи онҳо дар кишварҳои ғайрро намедиҳад. Ва ин бовари муҳоҷиронро ба чунин идораҳо мекоҳад. Бобоҷон Муқимов - як сокини Панҷакент, ки як соли ахирро дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия паси сар гузоштааст, мегӯяд, мардикори тоҷик, новобаста ба ин ки бо кадом роҳ муҳоҷиратро ихтиёр кардааст, дар Русия пуштибон надорад :

«Аввалан, мушкил он аст, ки мардикорони тоҷик ҳифзи ҳуқуқӣ надоранд ва онҳоро касе пуштибон ҳам нест. Дигар ин ки он нафарони масъул ва намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон худ аз ҳоли муҳоҷирини тоҷик бехабаранд. Ва намедонанд, ки масалан, дар Санкт - Петербург ва гирду атрофи он чанд нафар тоҷикон ба сар мебаранд ва чӣ ҳол доранд.»


Роҳи ҳал кадом аст?

Ба маълумоти идораи муҳоҷирати Суғд 33 тан аз сокинони Тоҷикистон, дар як соли ахир ба кишвари худ андаруни тобут баргаштаанд. Вале шумораи садҳо мардикорони Суғд, ки онҳоро Русия дар соли равон иҷборан аз хоки худ берун рондааст, аз ҷониби касе ва ё мақомоти расмие ҳисоб нашудааст.

Ҳомидҷон Ҷалолов, сарвари идораи хадамоти муҳоҷирати Суғд бар он аст, ки идораҳои муҳоҷират танҳо дар сурати сарпарастӣ ва пуштибонӣ аз сӯи давлати Тоҷикистон шароити беҳтаре барои адои вазифаи худ дар мавриди таъмини ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар кишварҳои ғайр пайдо карда метавонад:

«Мо пешниҳод кардем, ки ба муҳоҷир ва ё хадамоти муҳоҷират аз ҷониби давлат қарзи имтиёзнок дода шавад. То ки намояндаи идораҳои муҳоҷират тавонанд муҳоҷиринро дар ҷои кор ҳамроҳӣ кунанд. Ва мо аз ӯ дар бораи шароити кору будубоши муҳоҷирон бипурсем.»

Ба гуфтаи оқои Ҷалолов, ҳукумати Суғд тасмим гирифтааст, ба хотири танзими масъалаи муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқи мардикорони тоҷик дар ояндаи наздик дар се минтақаи бузурги ин кишвар намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати худро боз намояд.
XS
SM
MD
LG