Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марями Фарғонӣ - бонуи пирӯз дар адабгустарӣ


Абдулҳамиди Самад-муовини раиси Иттиҳоди нависандагон гуфт, дар баробари маҷмӯъаи насрӣ бо номи «Чаҳор қисса», Марямбону китоби нахустини шеърашро бо унвони «Исои ман шав» ба дасти чоп додааст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, олими маъруфи тоҷик гуфт, осори Марямбону вежагии махсус дорад, ки дар ҳикоёту шеърҳо гӯиши мардуми тоҷиктабори Сух ва Фарғонаи Ӯзабкистонро фароҳам овардааст.

Мӯъмин Қаноат-шоири саршинос афзуд, дар ашъори мутавассиф оҳангҳои эътироз ва ҳуббулватан эҳсос мегарданд ва Марямбону дар назму наср гомҳои қавие мегузорад.

Ва аммо Гулрухсори Сафӣ-шоираи дигари тоҷик гуфт, Марямбону занест мубориз, ки бар асари як садама барои як умр маълул монд, вале боз ҳам дар се ҷабҳа: фарҳанги табордорӣ, сухангустарӣ ва нависандагӣ дастболо шуд:

Гулрухсор: «Марям, на Марямбону, ки вожаи «бону» ин ҷо зиёд аст, яъне Марями Фарғонӣ, нафарест, ки ҳеч гоҳ бечоранолӣ намекунад. Ман таърихи зиндагии ӯро аз шаш солагӣ медонам ва медонам, ки дар ҳама ҷабҳа бо кӯшиши инфиродӣ пирӯз шудааст»

Дар бастагӣ ба ҳусну қубҳи насри Марямбону, Юсуф Акбарзод, мунаққиди тоҷик гуфт, дар осори мавсуф такрори мавзӯъ ва вожаҳо ба чашм мехӯрад.

Ва аммо ба иттилоъи худи Марямбону ӯ ба масал гули худрӯест, ки то ҳанӯз чаҳорчӯбаи насру назмро шикаста менависад ва то ҳанӯз жанрҳои адабиро намедонад:

«Ман ростӣ менависам, он ҳикоя аст, қисса аст, ғазал аст, байт аст, намедонам ва ҳаволаи онро ба худо ва мухлисин менамоям»

Марямбонуи Фарғонӣ муаллифи асарҳои «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Раштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса» ва барандаи Ҷоизаи адабии байнулмилалии Пастернак дар Маскав дар соли 1996 дар маҳфили ахири Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон соҳиби нишони «Ҷоизаи Сухан» гардид.
XS
SM
MD
LG