Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусаввараҳои осорхонаи Беҳзодро тармим мекунанд


Дар осорхонаи кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод, мавсими эҳё ва тармими мусаввараҳои маъруф, ки ниёз ба барқарорӣ доранд, шурӯъ шуд.

Бо ибтикори Созмони ғайридавлатии «Эҳё бидуни марз» ва кӯмаки молии Бунёди Сорос мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик, ки дар саргаҳи санъати наққошии миллӣ дар авоили асри 20 истодаанд, умри дигар диданд. Мусаввирони «Эҳё бидуни марз» тоблуҳои мусавварони саршинос Ашӯров, Ҳайдаров, Бурсев, Хошмуҳаммадов ва Ҳабибуллоевро, ки аз бунёдгузорони санъати наққошии миллӣ дар даврони Шӯравӣ маҳсуб мераванд, эҳё кардаанд. Ҳамзамон, тоблуи «Манзараи Баҳр»-и Иван Айвазовский, тармим ва барқарор мегардад.

Мавлуда Абдуқодирова, раиси шӯъбаи равобити байнулмаилали осорхонаи Беҳзод меафзояд, ҳамакнун барои дуввумин бор аст, ки тоблуҳои рассомони маъруф мавриди тармим қарор мегиранд:
«Соли гузашта таҳти сарпарастии сафорати Бритониё ва Фаронса дар осорхона намоишгоҳи рассомони Аврупои Ғарбӣ ифтитоҳ ёфт ва тоблуҳои рассомони аврупоӣ, ки солҳои 50 асри гузашта аз Маскав ба осорхона тақдим шудаанд, тармим ва таъмири ҷиддӣ дид. Беш аз 33 асари рассомони асри 19 ва авоили асри 20 тармим диданд».

Ва аммо Гулчеҳра Нӯъмонова, раиси осорхонаи Беҳзод гуфт, ҳадаф аз тармими ахирӣ рӯи кор овардани корхонаи вежаи эҳёгарист, ки назираш то ҳанӯз дар кишвар набудааст. Хонум Нӯъмонова афзуд, бо рӯи кор овардани мактаби эҳёгарӣ осорхонаҳои кишвар имкон доранд, ки садҳо тоблуро барқарор кунанд.

Ҳамакнун дар дили амборҳову такхонаҳои осорхона ганҷҳои беназире хобанд, ки метавонанд, нигине дар маъхази ҳар як осорхонаи олам буда бошанд.

Тоблуҳои Рафаэл Санти «Мадонна бо ҳиҷоб» - асри 19, Верешагин «Эҳром» - охири асри 19, Иоганн Дунтсе «Бозӣ дар рӯи ях» - асри 19, Ҷовано Беллини «Мотам» - асри 16, Жан Моне «Тоблуи рассом» - охири асри 18, Волтер «Манзара», Иоганн Батист «Акси зан», Френсел «Пода дар дашт» ва тоблуҳои дигар намояндагони асри 19 аз мактабҳои тасвирии Олмону Фаронса ва Ҳолланд, ки шӯҳраи офоқ будаанд, дар осорхонаи кишвар маҳфузанд.

Масъулин мегӯянд, набуди сохтори замонавии ҳифз садде будааст барои ба намоиш гузоштани ҳамаи ин нигораҳои нодир, ки номи оламфарогир доранд.
XS
SM
MD
LG