Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсати кадрӣ муҳокима мешавад


Муҳокимаи пешнависи Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон, ки аз тарафи Идораи хизмати давлатии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати молии Иттиҳодияи Аврупо таҳия шудааст, бо ширкати намояндагони давлат, ҷомиашиносон ва коршиносони байналмилалӣ сурат гирифт.

Асрор Латифов - муовини раиси идораи хизмати давлатии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин нахустин иқдом аз сӯи давлат дар амри таъйин ва танзими ҳуқуқии сиёсати кадрӣ ва як талоше барои рафъи мушкилоти вобаста ба фаъолияти ходимони давлатӣ мебошад. Оқои Латифов афзуд, ки бо таъйиди барномаи мазкур аз сӯи раиси ҷумҳурӣ ва порлумон шаффофият дар ҷалби кормандон ба вазоифи давлатӣ таъмин ва меъёрҳои роиҷи байналмилалии қабули ходими давлатӣ дар кишвар риоят мешавад.

Дар ҳоле, ки дар пешнависи Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон сиёсати ҷобаҷогузории кадрӣ яке аз масоили муҳим дар маҷмӯи низоми идорӣ арзёбӣ мешавад, бештари коршиносон ва таҳлилгарон аз сиёсати кадрии имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Ба эътиқоди Мунаввари Мунавварзод- узви раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳоло меъёри асосии қабули корманд дар вазоифи давлатӣ бештар ришва, маҳалл ва садоқат ба раиси ҷумҳурӣ мебошад на касбият ё ҳирфаӣ будани нафари корхоҳ.

Дар ҳамин ҳол, Асрор Латифов - муовини раиси идораи хизмати давлатии вобастаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз масъулони таҳияи пешнависи Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, тарҳи нави қонуни хизмати давлатӣ таҳия ва барои баррасӣ ва тасдиқ ба порлумони кишвар ироа шудааст. Вай гуфт, интизор меравад, ин қонун ба зудтарин фурсат мавриди таъйиди маҷлис қарор бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари масъулони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки намояндаи он дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда эълом шуд, тағйиротҳо дар сиёсати кадрии ҳукуматро ба райдиҳандагон ваъда додаанд
XS
SM
MD
LG