Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонов барои ҷавонон чӣ кор карда метавонад?


Ҳафт соли гузашта ва ҳафт соли оянда. Эмомалӣ Раҳмонов барои ҷавонон чӣ кард ва чӣ метавонад кунад?

КАЮМАРСИ АТО

Эмомалӣ Раҳмонов бо касби ҳудудан 80 дарсади раъйи мардум барои сеюмин бор раиси ҷумҳури кишвар интихоб шуд. Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки Раҳмонов дар ҳафт соли гузаштаи давраи раиси ҷумҳур будани худ барои ҷавонон чӣ коре кардааст ва дар ин ҳафт соли оянда чӣ кореро бояд ба анҷом расонад?

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мушкили аслии ҷавонон дар давраи ҳукмронии Раҳмонов ин будааст, ки ҷавонон ба мансабҳои баланди давлатӣ роҳ наёфтаанд ва мушкили дигар аз назари ӯ заъфи низоми таълиму тарбия дар макотиб ҳисоб меёфтааст. Афзалӣ чунин мегӯяд:
«Фикри ҷадид ҳам дар сари ҷавонон аст. Аз ин рӯ, мегӯям, барои ҷавонон роҳро зиёдтар кушоянд, то онҳо на фақат дар парлумон, балки дар тамоми вазоратҳо ба таври конкурсӣ рафта кор кунанд».

Дар ҳамин ҳол, ба бовари намояндагони давлат, Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои гузашта барои ҳалли мушкилоти ҷавонони кишвар кори каме накардааст. Масалан, барои таҳсили духтарони деҳот дар мактабҳои олӣ квота ва ё имтиёз ҷорӣ кард ва бархе аз созмонҳои ҷавононро бо кӯмакпулиҳо низ пуштибонӣ намудааст. Аммо Ҳарамгули Қодир, як ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, раиси ҷумҳур ва ҳукумат аксаран чунин имконотро бештар барои ҳаммаҳалҳои худ фароҳам овардаанд:

«Дар тӯли ҳафт соли гузашта мушоҳида кардем, ки ҷавононро дастгирӣ мекарданд, лекин вобаста ба маҳал. Ин воқеият аст. Сарфи назар аз ин, боз ҳам ҷавонон ба оянда ва сиёсати Раҳмонов бовар карданд. Дар ҳафт соли оянда агар Раҳмонов ба худи ҷавонон такя кунад, хубтар мебуд. Аммо агар идомаи мантиқии сиёсати ҳафт сол пешро боз пеш гирад, ба фикрам ин дастоварде, ки Эмомалӣ Раҳмонов соҳиб шуд, шояд дигарбора насиб нашавад».

Назир, як ҷавони дигари тоҷик эътимод дорад, ки Раҳмонов наметавонад баъзе аз мушкили ҷавонон, бахусус муҳоҷирати меҳнатии онҳоро ба кишвари Русия ҳал кунад, чун ин мушкил дар чанд соли пеш низ ҳалли худро наёфта буд: «Он коре, ки Раҳмонов бояд мекард, натавонист иҷро кунад. Яке аз муҳимтарин масъалаи ҷавононе, ки бояд ҳал мешуд, ҳиҷрати маҷбурӣ ё муҳоҷирати меҳнатии онҳо ба кишварҳои хориҷ буд. Агар ҳамин тавр давом кардан гирад, ягон кор карда наметавонад. Метавонист заминаша барои ҳафт соли оянда мегузошт, ягон кор кардан мумкин буд...»

Аммо дар ин мавзӯъ назарҳои мусбат ҳам ҳастанд. Муҳиддин Асозода, ҷавоне, ки нав донишгоҳро хатм кардааст, мегӯяд, Раҳмонов дар давраи ҳукуматдории худ тавонистааст, ки мизони ришвахориро дар донишгоҳҳои олии кишвар ба маротиб коҳиш диҳад: «Ҷаноби Раҳмонов дар ҳафт соли пеш нисбат ба ҳалли мушкили ҷавонон кӯшишҳои зиёде кардааст. Бахусус, ришваситонии баъзе устодон дар донишгоҳҳои олиро дар суханрониҳои худ ва ҳангоми сӯҳбаташ бо ҷавонон ёдрас шуд. Уме даст, ки ин дард дар ҳафт соли оянда шифои худро меёбад».

Тақрибан ҷавононеро дарёфтан мушкил аст, ки мушкиле надошта бошанд. Аммо аксари онҳо мегӯянд, намедонанд, дар оянда мушкили онҳоро кӣ бояд ҳал кунад: мақомот, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва ё худи онҳо?
XS
SM
MD
LG