Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?


Аслан ин интихобот навъе беҳтар гузашт. Раҳмонов ба худ эътимод баставу аз касе ҳарос надошт. Вале чаро ислоҳотталабон аз ин маърака канораҷӯӣ карданд?
Тағйир ва ислоҳ аз осмон ҳамчун армуғон ба даст намеояд!

Сулаймон
------------------------------------

Интихобот ба ман маъқул шуд. Ҳар чӣ мехостам, ҳамон шуд. Ман ҷонибдори ашаддии Раҳмонов нестам, вале он алтернативаҳое, ки номзадиашонро гузошта буданд, на барномаҳояшон ва на худашон ба номзад монанд набуданд. Агар Раҳмонов намегузашт, хеле мутаассиф мешудам. Саид мегӯяд, ки ғолиб пешакӣ маълум буд. Биё ҷӯра, мову ту баҳс кунем. Чӣ гуна метавонӣ собит намоӣ, ки дар ҳоли демократӣ гузаштанӣ интихобот рақибони Раҳмонов пирӯз мешуданд? Раҳмонов дуруст гуфт, ӯро на яку ду, балки 14 сол инҷониб мешиносанд. Сиёсатмадорони президентшав худашон айбдоранд. Кор кунед, номдор шавед, дили халқро ёбед ва сипас, номзадиатонро ба мақоми раис гузоред.

Шӯҳрат

--------------------------------------
Интихоботи гузашта бемаънӣ буд. Маълум буд, ки ғалаба бо кист. Ман зидди ҳама овоз додам.

Саид
-------------------------------------

Салом ба ҳамаи дӯстон!
Агар мо ба маъракаи интихоботӣ назар кунем, филми "Чор мушкетёр" ба ёд меояд, вале дар ин филм нақшҳои асосиро на чор, балки панҷ мушкетёр бозӣ мекунанд. Хулоса ин, ки дар охири филм Раҳмонов ғолиб мебарояд.

Бо эҳтиром Ҳамсадо
-----------------------------------

Маъракаи интихоботӣ то андозае ба таври бояду шояд сурат гирифт, аммо аз рӯи сенарияи омодашуда, ки номзадҳо наметавонистанд аз доираи муайян бароянд.Ман гумон мекунам, ки номзадҳо натавонистанд аз имкон истифода бурда барномаҳояшонро ба мардум фаҳмонанд.

Шамсиддин
-----------------------------------
XS
SM
MD
LG