Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи газ дар Гурҷистон боло меравад


Ҳоло Русия як ҳазор метри кубӣ газро ба Гурҷистон ба 110 доллар мефурӯшад ва гӯё қарор аст Газпром арзиши онро ба 230 доллар ба як ҳазор метри кубӣ боло барад.
Хабаргузориҳои Русия аз қавли мақоми номбарнашудаи Газпром овардаанд, ки ҳанӯз дар ин маврид қарордоде имзо нашудааст. Мақомоти марбутаи Гурҷистон мегӯянд, ки Русия дар ин бора онҳоро ба таври расмӣ дар ҷараён нагузоштааст.
Нархи нави пешниҳодшуда ба қимати содироти газ ба Аврупо наздик аст.
Ба думболи боздошти чаҳор сарбози Русия ба иттиҳоми ҷосусӣ аз ҷониби Гурҷистон дар моҳи сентябр, робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи нави сардиҳо ворид шудаанд.
Дар посух ба иқдоми Гурҷистон Маскав ин кишварро дар инзивоъи нақлиётӣ гузошта ва болои муҳоҷирони гурҷистонии муқими Русия фишор меоварад.
XS
SM
MD
LG