Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номзадҳоро намешиносем, аммо медонем ба кӣ раъй диҳем


Дидори номзадҳо бо овоздиҳандагони Суғд низ, ки ахиран дар ду рӯз дар Хуҷанду Истаравшан, Ғафурову Конибодом сурат гирифт, ба чеҳраи сиёсии довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ ва барномаҳои онҳо дурахш ва маъруфияте набахшид ва ҳамчунон хира ва норӯшан боқӣ монд.


Ба хусус, ки баргузоркунандаи ин вохӯриҳо ва ширкаткунанда дар он низ мақомоти маҳаллӣ буд. Яке аз иштироккунандаҳои мулоқот бо номзадҳо дар Хуҷанд - Ёрматов Саидмаъмур, сардори яке аз маҳаллаҳои шаҳр таассуроти худро ба Радиои Озодӣ чунин баён кард:


«Ин ҷо номзадҳо нағз баромад карданд, барои некии Тоҷикистон гап заданд. Касе хоҳад, эҳтиром карда, ҳамин президентба овоз диҳад, гуфтанд.»


Ба гуфтаи мусоҳиби дигари мо, дар Истаравшан низ ҳамин гуна як барномаи интихоботӣ аз ҷониби мақомот рӯи саҳнаи толори ҳукуматхонаи маҳаллӣ гузошта шудааст:


«Ин як вохӯрии озод набуд ва имкон надод, ки овоздиҳандаҳо бо номзадҳо озодона сӯҳбат ва саволу ҷавоб кунанд. Дар аввал номзадҳо барномаҳои интихоботии худро баён карданд. Дар охир чаҳор тан аз ҷумлаи кормандони ҳукумати маҳаллӣ дар назди ҳозирин баромад ва даъват карданд, ки ба ҷонибдории номзад - Раҳмонов овоз диҳед. Баромадҳо бисёр тӯлонӣ буданд, аз шунидани он бархе изҳори норизоӣ мекарданд, аммо номзадҳо, аҷиб ки ором менишастанд.»


Аз ду номзад ба маснади раиси ҷумҳурӣ Абдуҳалим Ғаффоров - намояндаи Ҳизби Сотсиалист ва Исмоил Талбаков - Ҳизби Коммунист, вақте дар Хуҷанд буданд, пурсидам оё онҳо хоҳиш ва имкони бо овоздиҳандаҳои оддӣ ҳам вохӯрдан доранд?


Абдуҳалим Ғаффоров: «Дуруст аст. Ин яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Мо дар кӯча, дар роҳ бо шахсоне, ки бо мо ҳамсӯҳбат мешаванд, мо фикру ақидаи худро роҷеъ ба ҳамин интихобот мегӯем ва ин яке аз масъалаҳои муҳим барои баррасӣ кардани барнома ба мардум мебошад.»

Исмоил Талбаков: «Азбаски мо аз рӯи нақша омадаем, агар имконият даст диҳад, мо бо овоздиҳандагон, сарфи назар аз он ки ӯ дар кадом сатҳ қарор дорад, вохӯрӣ мегузаронем.»


Аммо, ба мушоҳидаи коршиносони Суғд дар умури интихобот, ингуна имконият барои номзадҳо даст надода, ки бо овоздиҳандагони оддии минтақа низ дидор ва сӯҳбат кунанд ва ба саволҳои онҳо посух гӯянд. Ва аслан аз суханронии номзадҳо дар Суғд фаҳмидан душвор буд, ки онҳо барои тарғиби шахси худ ва барномаи интихоботии худ ҳарф мезананд ва ё умуман барои тарғиби интихоботи раиси ҷумҳурӣ ба Суғд омадаанд.
XS
SM
MD
LG