Пайвандҳои дастрасӣ

Аз раиси ҷумҳур мехоҳам бипурсам...


Аммо ба назар мерасад, теъдоди ками афроди соҳиби райъ дар Суғд, ки шумори умумии онҳо ба як миллиону дусад ҳазор мерасад, барои посух ба суолҳои худ имкон хоҳанд ёфт. Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари Комисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, ки дидору гуфтугӯи номзадҳо бо сокинони устон рӯзи 27 октябр оғоз мешавад ва Комисиюн дар маҷмӯъ ҳамагӣ чаҳор мулоқотро тарҳрезӣ кардааст:

Субҳи ҳамон рӯз номзадҳо дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, баъди нисфирӯзӣ дар толори ҳукумати шаҳри Истаравшан, субҳи 28 - уми октябр дар толори Қасри фарҳанги Конибодом, баъди нимрӯзӣ дар толори ҳукумати Бобоҷон Ғафуров вохӯриҳо баргузор мешавад. Ҳамин чор мулоқот аст мувофиқи нақшае, ки мо тартиб додаем, баъд номзадҳо ҳар куҷое раванд - кори онҳост...

Аммо афроди соҳиби райъ, агар ба мулоқот бо номзадҳо муваффақ шаванд, хостори посухи кадом суолҳо хоҳанд шуд? Дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо мо сокинони Хуҷанд гуфтанд:

Пеш аз ҳама, дар бораи баланд бардоштани маош ва нафақа мепурсидам. Имрӯз дар ин масъала давлати мо назар ба кишварҳои дигар дар мавқеъи паст меистад...

Мепурсидам, ки барои тинҷиву ободии Тоҷикистон чӣ кор хоҳанд кард?..

Рости гап, ба сабаби серкорӣ на ҳама номзадҳоро мешиносам. Дархостҳои ман зиёданд. Номзадҳо медонанд, ки сатҳи зиндагии мо хеле паст аст, занҳо мушкилиҳои зиёд доранд, танҳову бепарасторанд, кӯдак доранд ва онҳоро бепадар калон мекунанд. Аз президенти оянда мехостам дар ҳаққи чунин занон бештар ғамхорӣ шавад...

Ман номзадҳоро намешиносам, намедонам...

Тоҷикистонро дар оянда чӣ интизор аст? Номзадҳо ояндаи Тоҷикистонро чи гуна тасаввур мекунанд, ки на танҳо мо, балки фарзандони мо ҳам зиндагии хуш ва шоиста ба сар баранд?..

Номзадҳо ба ман писанд наомаданд. Чунки онҳо пир метобанд. Ман мехостам, ки президенти ояндаи Тоҷикистон ҷавон бошад, аз 35 то 40 сола...


Ба ҳамин тариқ, масоиле, ки бештари сокинони Суғдро саргарм медорад, марбут ба зиндагии ҳаррӯза ва беҳбуди шароити рӯзгор аст. Ва мехоҳанд ҳалли ин масоилро аз раисҷумҳури ояндаи Тоҷикистон дархост кунанд.
XS
SM
MD
LG