Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷустуҷӯи як вожаи пинҳон


Коргардон -- Салими Аюбзод Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаҳои Маҷмаъи умумӣ, барномаҳои ҷаҳонии ҳамкориро дар миён гузоштааст ва на дирӯзу парер, балки даҳсолаҳо пеш, аз ҳамон вақт як рӯзи Рӯзи ҷаҳонии иттилоъи марбут ба рушд эълон кардааст. Ва 24-уми октябр ҳамзамон рӯзи қабули Корпояи рушди ҷаҳонист ва Рӯзи СММ низ.

Мақсад аз Рӯзи ҷаҳонии иттилоъи марбут ба рушд ин аст, ки бори дигар таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳон ба мушкили башар кашонда шуда, заруратро ба таҳкими ҳамкории давлатҳо ва миллатҳои мухталифи олам таъкид кунад. Аммо чаро рӯзи иттилоъ ё ахбор ё маълумот ё донишҳои марбут ба рушд?
Имрӯз аз ҳамин равзана нигоҳ мекунем ба Тоҷикистони азиз. Инак, нафасҳо баробар. Дарун...берун, зинда бод ҳамнафасии мову шумо дар ин лаҳзаҳои умр!

БОРИ ДӮШИ ВОЖАҲО

Гоҳе чунин ба назаратон намерасад, ки як мазмун ё маъниеро хеле хуб дарк мекунед, мефаҳмед, ки чист, вале ҳар вожаеро ки барояш хостгор мешавед, наметавонад, ба таври муносиб онро бозгӯ кунад.
Барномаи Рушди СММ.
Бархе аз суханварон мегӯянд, вожаи "рушд" зебост, мисли як бонуи нозпарвард ва каме тамбал, ки кӯшидааст, бори маъниро сабуктар бар дӯш кунад. Пас, оё чӣ? Пешрафт? Нумув? Тавсеа? Таҳаввул? Сабзиш? Афзоиш?
Ҳамнафаси шумо як калимаро барои худ ниҳон кардааст ва фикр мекунад, он хеле хуб бори маъниро хоҳад кашид, монанди барзагов юғи сангинро, аммо аввал аз дӯстон бишнавем.
Раҳматкарими Давлат дар Душанбе, дар ҷустуҷӯи калима дари забондонону коршиносонро кӯфт, ва пасидарбудагон гуфтанд, "рушд" ҳанӯз ба истилоҳ табдил наёфтааст. Пешрафт вижагии сифатӣ дорад.
Бале, бале, аз аввал ҳис мекардам, ки вожаи рушд мояи баҳс хоҳад шуд. Аммо чора нест, касе аввалин бор номи барномаи СМ-ро барномаи рушд баргардон кард ва шояд ба гуфтаи устоди забон бо гузашти рӯзгор он ба як истилоҳе табдил ёбад.
Вале медонед, вожаи пинҳонкардаи мо чист? Ба зудӣ хоҳед шунид, лекин ҳоло...

ҚАДАМЗАНӢ БА МАЪНИИ РАФТАН?

Чун аз таҳлили маъниву мазмуни вожаҳо сар кардем, ин ҷо ҳам дар омади гап мегӯем, ки "нигоҳи моҳи шаб аз шонаи Варзоб" ва "тилоӣ шудани шаҳр" на ишора ба лимити барқу рушди аҳамияти нури моҳтоб аст ва онки "фарзанди Душанбе ба дигар ҷо наравад хоб" на ишора ба хобҳои душанбегии муҳоҷирони тоҷики Русия. Ва бӯе ки ба машом мерасад, албатта, на аз партовгоҳҳои маҳаллаҳои Душанбе, балки аз гулгаштҳои маркази шаҳр аст.
Аслан, ин порчаро барои он баргузида будам, то Фирӯза Алифоваро бо фирӯзияш дар озмуни байнулмилалии Остона муборакбод кунам. Ба ҳар ҳол боз як пешрафте дар байни пешрафтҳои зиёд.
Аммо ҳоло аз ҳамнафасони Душанбеи маҳтобӣ шунавем, ки дар куҷо пешрафт мебинанд ва дар куҷо рукудро. Саволи ҳамкорми мо Нилуфари Собир ин гуна садо медиҳад: "Дар кадом ришта шумо пешравиҳоро мебинед?" Посухҳо гуногун буданд, вале хулосаро шунидем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рушду нумуъро дар фарҳанг дидаанд, вале на дар иқтисодиёт. Шояд манзур аз фарҳанг, бозтару рангинтар шудани ҳаёти маънавӣ бошад?
Ва аммо нақши иттилоъ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дастрасӣ ба чунин иттилоъ.
Агар дар ёд дошта бошед, ахиран Вазорати алоқаи Тоҷикистон, алоқа ин ҷо дарбеҳи ночаспон аст, шояд мухобирот ва ё дурпайванд беҳтар бошад. Вазорати дурпайванд. Хулоса ин вазорат панҷ сомонаи инетернетиро баст. Узре ки баъдтар садо дод, бадтар аз гуноҳ буд ва мояи обрӯзрезӣ. Як ҳамнафаси мо навишт, ҳайрон мешавам, ки ин идора ин қадар сомонаҳои фаҳшу порнографиро набаста, сафҳаҳоеро баст, ки ба мардум як дониш ва маълумоти иловагӣ медиҳанд.
Бале, дӯсти азиз, ҳатто сафорати Бритониё гуфт, ду сомона аз номи ин кишвар ба фиреби тоҷикон машғуланд, вазорат онҳоро ҳам набаст, балки...Хуб. No comment.
Ба ҳар ҳол, як comment даркор аст. Тавре ки медонед, интернет таърихи вуруд ба сомонаҳои гуногунро ҳифз мекунад. Вақте банда дар Душанбе ва Хуҷанд, ҳамту аз рӯи кунҷковии журналистӣ дар интернет-каферо нигоҳе мекардам, ки ку ҷавонони тоҷик ба чи сомонаҳое сар мезананд, асосан, сафҳаҳои порнографии хориҷӣ ва русиро дидам, аксҳое ки мӯйи сари одам рост мехезад.

РЕШАИ РУШД

Хуб, он вожаи пинҳон оё чист?
Гуфтем, рушд, тавсеа, густариш, сабзиш, пешрафт, таҳаввул, ҳатто эҷодро метавон ҳамроҳ кард ва нуму ё нумув.
Вожаи пинҳони мо ин аст -- таъолӣ. Инсон бояд таъолӣ ёбад. Ҷомеа бояд таъолӣ ёбад.
Ба назар мерасад, дар ҳоле ки рушд бештар хосияти физикӣ дорад, таъолӣ бештар хосияти равонӣ.
Ба ҳамин сабаб ин вожа ҳам он маъниро пурра рӯшан намекунад. Хуб, вақте ки забонамон рушд ёфт, шояд чизе пайдо хоҳад шуд, вале чун суханро аз СММ сар карда будем, ҳоло аз ҳамнафаси дигари худ дар Душанбе, Далери Ғуфрон мешунавем, ки СММ, рушд ва Тоҷикистон, ин се бо ҳам чӣ пайванде доранд?
Ин ҳам охирин гузориш дар барномаи Ҳамнафас буд.
Ба ҳамаи шумо рушду таъолӣ орзу мекунем.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG