Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии матбуъот дар Тоҷикистон


Мо набояд, ба истилоҳ, комплекс дошта бошем. Ин бар зарари мост, ки ҳамеша ё максималист ҳастем ва ё пессимист. Як умр Рӯдакӣ ва Сино мегӯем ва дигар коре наметавонем аз пеши худ бикунем. Имрӯз фақат "Рӯзи нав" ва "Нерӯи сухан" мегӯем ва дармондаем. Ҳеч гап не, ки ин рӯзномаҳо нест. Бояд ба майдон омад ва рӯзнома сохт. Набояд ғайбат кард. Чанд кас ҳаст, ки аз ин минбари шумо фақат барои иғво истифода мекунад. "Рӯзи нав" нест, "Нерӯи сухан" нест" ҳарфи дӯстодштаи онҳост. Мутаассифона, бархе аз хамкорони собиқи "Рӯзи нав" низ корашон таҳрики Раҷаби Мирзост, вале аз паҳлӯи ӯ истодан ва коре кардан метарсанд. Як сол мегуфтанд, ки рӯзнома сабти ном намешавад. Акнун рӯзнома ҳам сабти ном мешавад. Марҳамат, майдон аз далер аст. Вакте ғайбатчиҳо ғайбат мебофанд, Умед Бобохонов боз рӯзномаи тоҷикӣ мебарорад. Мисли ӯ бояд кор кард. Матбуотро пеш бурд, на ин ки "матбуот озод нест" гуфта, то охири зиндагии худ гардӣ. Марҳамат, "Миллат", "Факти и Комментарии", "Вақт" ҳама масоилро озод мегӯяд. Ҳатто "Минбари халқ". Инҳое, ки мегӯянд "матбуот озод нест", беҳтар аст кор кунанд...
Шарифӣ
-------------------------------

Озодии сухан ҳаст, аммо озодии сухани журналистон камтар аст. Ҷуръати журналистӣ ҳаст, вале барои подоши он маблағи лозима пардохт намешавад. Барои озодии суханро ҳис кардан журналист аввалан бояд озодии молии кисаашро ҳис кунад. Вақте ки маоши ночиз мегирад, озодии сухан ва баҳсҳо баъди ин озодсуханиҳо ба кӣ лозим? Агар ҳар журналист дар як моҳ се ҳазор сомонӣ маош мегирифт, дар Тоҷикистон масъалаи озодии сухан намемонд. Вақте ки журналист рӯзгораш обод гардад, пас ӯ метавонад озодсуханӣ кунад. Дар акси ҳол ӯ маҷбур мешавад, озодсуханиро фурӯшад ва ё ин ки барои гирифтор нашудан ба дарди сар ба як сӯ гузорад.
Усмонӣ
-------------------------------

Салом ба ҳамаи мухлисони ин сафҳа. Баъд аз салом ман инро гуфтаниам, ки дар Тоҷикистони мо на танҳо дар матбуот, балки дар ҳама чиз озодӣ вуҷуд надорад. Бастани сойтҳои "Чароғи рӯз" ва дигаронаш чанд рӯз пеш як мисоли одиест барои мо. Бо эҳтиром
Ҳамсадо
-------------------------------

Каме фишор болои матбуот вуҷуд дорад, вале рӯзноманигорон бештар ба худсонсурӣ машғуланд ва ё ба нашри мақолаҳои фармоишӣ машғуланд.
Сулаймон
-------------------------------

Баъд аз он ки ҳафтавори "Рӯзи нав" ва "Нерӯи сухан" аз ҷониби дастандаркорони ҳукумат баста гардид меъёри озодии матбуот аз баён рафт. Ва оне ки Тоҷикистон дар мизони озодии матбуот дар ҷои 117 қарор дорад барои ман ҳамчун шаҳрванд гиряовараст. Имрӯз дар хабарҳои телевизионҳои ҳукуматӣ ин мавқеъ басе хушоянд омадааст. Ва дар ҳар барномаи ахбор сари ин мавзуъ мероранд ва таъкид менамоянд, ки кишвари мо нисбат ба давлатҳои ҳамсоя пешсаф аст. Ба назари ман сабаби ин пешсафи аз ҳамсояҳо пешравии матбуоти моро нишон медиҳад, на телевизион на родиоро. Он қонуне, ки мо озодии суханро додааст танҳо дар рӯи варақ аст. Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дар ватани мо озодии матбуот вуҷуд надорад. Агар касе "на" гӯяд, як бор натарсида сафедро сафед гӯяд дар матбуот.
Баҳман
--------------------------------

Бо дуруд ба аҳли хонандагони ин саҳифа. Ман низ дунболаи навиштаҳои бародарам Нуфарн меравам. Воқеан, тайи як соли ахир озодии матбуотро дар мо ба тамом буғӣ карданд. Ва ҳамон чанд рӯзномаи хусусии ахиран ба майдон омада, ки гуфта мешуд, шояд аз дунболаи бародаронашон - "Рӯзи нав"-у "Нерӯи сухан" бираванд, ба оҳистагӣ чун ҳафтаномаҳои ҳукуматӣ шакл гирифтанд. Ва боз ман гумон намекунам, ки соли оянда дар феҳрести мазкур кишвари мо ба чанд зина боло барояд. Баръакс агар ба ин минвол рӯзгор ҷараён бигирад, дар гузориши соли 2007 низ Тоҷикистон ба чор зинаи дигар поин меояд. Ҳарчанд аз кишварҳои ҳамҷавору ҳамқитъаамон дар ин самт "пешрав" бошем... Аммо боварӣ дорам, ки насли нав ба ҳар роҳе, ки набошад барои озодии матбуот талош меварзад.... Бо умеду орзуи озодии баёну андеша ва расонаҳову матбааҳо дуогӯи шумо,
НУФАРН-4

--------------------------------
Эээ, бубахшед, дар мо ҳоло озодии андеша дуруст рушд наёфтааст.
Мурод

--------------------------------
Албатта, матбуоти Тоҷикистон озод нест. 117-ум ҳам барои Тоҷикистон ҷойи баланд аст. Ин ҷо гап дар бораи матбуот ва матбаа меравад. Дар мо озодии сухан ҳаст, вале озодии матбаа нест. Яъне матбааҳои мо наметавонанд як кореро мустақилона анҷом бидиҳанд. Бо ҳар баҳона аз чопи нашрияҳои хусусии танқидӣ (на оппозитсионӣ) даст мекашанд.
Нуфарн

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG