Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарозу нишебе, ки ба Нобел мунтаҳӣ шуд


Урҳон Помук (Orhan Pamuk) 54 сол пеш дар хонаводае сарватманд дар маҳалле доронишин мавсум ба Нишонтоши (Nisantasi) воқеъ дар ҳаволии шаҳри Истонбул ба дунё омад. Пораҳое аз достони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва ҷавонии Урҳон Помукро метавон дар китобҳои маъруфи вай "Kara Kitap" ("Китоби сиёҳ") ва "Cevdet Bey ve Ogullari" ("Ҷавдат-оқо ва писаронаш") мурур кард. Китоби хотироти Урҳон Помук, ки ахиран бо номи "Истонбул" мунташир шуд, пардаро аз рӯи моҷароҳои гузаштаи зиндагиаш қашангтар бармедорад.

Урҳони ҷавон, ғофил аз он ки дар оянда осораш ба беш аз 40 забони ҷаҳон баргардон хоҳад шуд, дар риштаи меъмории Донишгоҳи Истонбул ба таҳсили илм пардохт. Аммо зоҳиран се сол пас аз оғози таҳсил ӯ ин ҳақиқати зебои ояндаи худро гӯӣ пешгӯӣ карда буд, ки аз савоби риштаи меъморию донишгоҳи фаннӣ гузашт ва даст ба қалам бурд. Он замон ӯ 22 сол бештар надошт ва шояд ҳам намедонист, ки барои сӣ соли дигар ҳич кори дигаре ба ҷуз навиштан нахоҳад дошт.

Нуктае, ки дар зиндагиномаи Урҳон Помук рӯзноманигоронро ба ояндаашон умедвор мекунад, ин аст, ки вай саранҷом соли 1976 аз Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи Истонбул фориғуттаҳсил шуд. Дере нагузашта, тайи солҳои 1985 ва 1988, гузори вай ба донишгоҳҳои Коломбиё ва Айоваи Амрико уфтод. Аммо ин бор на ба унвони донишҷӯ, балки ба унвони як донишвар. Сипас Урҳон Помук ба Истонбул баргашт ва тоза ҳамин сол дубора ба Амрико рафт, то донишҷӯёни Донишгоҳи Коломбиёро аз файзи донишаш баҳравар созад.

Рӯъёҳои талху ширини хусусӣ

Албатта, коғазу қалам танҳо ҳамроҳони зиндагии Урҳон Помук набуд. Вай соли 1982 бо бонуе бо номи Ойлин Тӯраган (Aylin Turegen) издивоҷ кард, аммо ин пайванди заношӯӣ танҳо то соли 2001 давом овард. Ҳосили ин пайванд духтарест бо номи зебои Рӯъё, ки соли 1991 рӯъёи падару модарашро бароварда кард, яъне чашм ба ҷаҳон гушуд. Урҳон Помук танҳо фарди соҳибноми хонадонаш нест. Шавкат Помук, бародари Урҳон Помук ҳам, ки як торихнигор аст, дар заминаи торихи иқтисод аз шуҳрати байнулмилалӣ бархурдор аст.

Китобу қалами Помук

Ҳоло нигоҳе жарфтар меандозем ба осори Урҳон Помук, ки ин шуҳрати ҷаҳонгирро барои офарандааш ба бор овардааст. Шуҳрати нависандагӣ Урҳон Помукро зиёдӣ мунтазир нагзошт. Нахустин достони кӯтоҳи Помук соли 1974 бо номи Karanlik ve isik ("Торикӣ ва рӯшаноӣ") соли 1979 ҷоизаи созмони расонаии "Миллият"-ро ба даст овард. Ҳамин китоб соли 1982 бо номи дигаре - "Ҷавдат-оқо ва писаронаш" бори дигар мунташир шуд ва боз ҳам ҷоизаеро ба нависандаи он ба армуғон овард. Ҷоизаи достоннависии Урҳон Камолро. "Ҷавдат-оқо ва писаронаш" достони зиндагии се насл аз як хонаводаи сарватманди минтақаи Нишонтоши, маҳалли зодгоҳи Урҳон Помук аст.

Пас аз муддате, тайи солҳои 1984 ва 1991 китобҳои Урҳон Помук бо номҳои Sessiz Ev ("Хонаи хомӯш") ва Beyaz Kale ("Дижи сапед") дар хориҷ аз Туркия низ ҷоизаҳое бурд ва доманаи шуҳрати нависандаро фаротар аз марзҳои кишвараш кашонд. Маҷаллаи баррасии китобҳои The New York Times билофосила мужда дод: "Ситораи тозае дар Шарқ зуҳур кардааст - Урҳон Помук."

Соли 1994 китоби дигари Урҳон Помук бо номи "Зиндагии нав" мунташир шуд ва дар садри пурхонандатарин китобҳои туркӣ қарор гирифт. Ва китоби маъруфи дигараш бо номи Benim Adim Kirmizi ("Номи ман Сурх аст") соли 1998 як бори дигар хонандагонро шефтаи Урҳон Помук кард.

Рӯйкарде ба сиёсат дар айни берағбатӣ

"Номи ман Сурх аст" китобест дар барномаи ҳунармандони турку эронӣ дар давраи Усмонӣ, наҳваи диди онҳо ба ҷаҳони ғайриғарбӣ ва достонҳои ишқ ва рӯзгори онҳо. Ин китоб се ҷоизаи муътабари фаронсавӣ, итолиёӣ ва ирландиро дарёфт кард. Бо ин ки Урҳон Помук ба сиёсат рағбати зиёд надошт, дар ҳамон авосити даҳаи 1990 буд, ки равзанаи интиқодоташ ба сӯи давлати Туркия боз шуд ва то кунун дар ҳоли интиқод аз нақзи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар сарзамини аҷдодиаш аст.

Достони Kar ("Барф"), ки Урҳон Помук дар сомонаи интернетиаш онро "нахустин ва вопасин достони сиёсии худ" меномад, соли 2002 чоп шуд. Ин китоб, ки моҷароҳои он дар шаҳраки Қарс дар шимоли шарқи Туркия мегузарад, достони хушунатҳову танишҳо миёни исломгароён, сарбозон, лоикҳо (ғайримазҳабиҳо) ва миллигароҳои турку курд аст.

Ҳастаи осори Помук

Мунтақидони адабӣ хамирмоя ё сиришти осори Урҳон Помукро як навъ сардаргумӣ ё бохтагии ҳуввият унвон мекунанд; ҳуввияте, ки дар натиҷаи рӯёрӯии арзишҳои урупоӣ ва исломӣ ё мубҳаму махдуш шуда ё ба тамом аз даст рафтааст. Аксари онҳо дар печу хам (лабиринт)-и моҷароҳои талхе мечархад, аммо ҳамеша аз ҳузури тавтеаҳои печидаву ҳаяҷонангез ва чеҳраҳои ҷаззобу пуръумқ бархурдор аст. Дар достонҳои Урҳон Помук метавон ба фаровонӣ бо суҳбатҳое пур аз шӯру шавқу иштиёқ аз адабиёту наққошӣ ва дигар ҳунарҳои таҷассумӣ бархурд.

Як калом, ки Помукро маъруфтар кард

Аммо он чи беш аз пеш номи Урҳон Помукро сари забонҳои хоссу ом андохт, суханони вай тайи мусоҳибае бо як маҷаллаи суисӣ (швейтсарӣ) буд, ки мегуфт, дар Туркия сӣ ҳазор курд ва як милюн арманӣ кушта шудаанд. Мақомоти Туркия, ки ин иддаъоро тавҳин ба "туркият" ва ба артиши Туркия медонанд, алайҳи Урҳон Помук парвандае боз карданд. Бо вуҷуди ин, Урҳон Помук аз такрори ин иддаъои худ худдорӣ накард.

Вале то парвандаи Урҳон Помук бо қазияи пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Урупо гиреҳ хурд, ин парванда баста шуд. Зеро дар канори даҳҳо ва садҳо нафар дар саросари ҷаҳон Иттиҳодияи Урупо низ ба эҳтимоли муҳокимаи Урҳон Помук ва маҳдудияти озодии баён дар Туркия эътироз кард.

Ба гуфтаи бархе аз нозирони амр, зоҳиран мақомоти Туркия нигарон шуданд, ки мабодо дари Иттиҳодияи Урупо, ки ин ҳама мекӯбандаш, ба хотири қазияи Урҳон Помук барои ҳамеша бар рӯи Туркия баста шавад. Вале ҳич як аз мақомоти додрасии Туркия аз Урҳон Помук дифоъ накард ва далели баста шудани парвандаи Урҳон помук "фаннӣ" унвон шуд.

Бо ин ки миллигароёни Туркия Урҳон Помукро "хоин" номидаанд, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз мардуми кишвараш хостааст, ки барандаи ҷоизаи Нобелро ба оғӯши меҳр бигиранд ва интиқодоташ аз Туркияро бо ҷоизаи Нобели Урҳон Помук дарнаёмезанд.

Агар дар ин бора назаре доред, лутфан ба нишонии rajabians@rferl.org бифиристед.

То фурсате дигар мувозиби худатон бошед ва падруд.
XS
SM
MD
LG